Шеъраш, ки ба ашки чашму хуни ҷигар аст,
Байни ду ҳазор шеър шеъраш дигар аст.
Монанди ҳақиқат аст бар халқ азиз,
Ғойиб зи назар нест, ки ӯ Ҳақназар аст.
Ин қитъа аз шоир ва муҳаққиқи эронӣ Алиризо Қазва аст, ки дар ситоиши Шоири халқии Тоҷикистон, устод Ҳақназар Ғоиб гуфта шуда. Китоби нави ин шоири номвари тоҷик, ки «Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол» ном дорад, бо ҳамин гуна меҳрномаи гурӯҳе аз аҳли илму адаб оғоз пазируфтааст. Нигоштаҳои устодон Гулназар, А.Сатторзода, А. Ҳаким, М. Ҳотам, М. Аҷамӣ, С. Надим, М. Тоҷдинӣ… шахсияти комил ва эҷодиёти дилпазири Ҳақназар Ғоибро ба таври фишурда, вале муассиру самимӣ ташреҳ мебахшанд.
Китоби мазкур қисмати бештари эҷодиёти шоири маҳбубро фаро мегирад ва аз қисматҳои «Аз яштҳо то устод Айнӣ», «Таронаҳои истиқлол», «Хонаи субҳ», «Ғарбу Шарқам тифли як сайёра аст», «Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол», «Зери чатри чакани чархи барин», «Қиблагоҳ», «Чӣ пурсӣ аз куҷоям, аз чӣ шаҳрам», «Аз «Шоҳнома» то «Эҳёнома» ва «Лабханди хуршед» иборат мебошад. Ашъори Ҳ.Ғоиб рангину дилнишин ва гуногунжанр буда, ғолибан мавзӯъҳои Ватан ва ватандӯстӣ, ишқу муҳаббат, фалсафаи зиндагӣ, тараннуми сулҳу ваҳдат, тарғиби одоби ҳамида, бузургдошти ниёгон, эҳтироми волидон ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.
Ҳафтаи гузашта бо ибтикори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе расми рӯнамоии китоби «Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол» баргузор гашт. Ин ҳамоиши аҳли адаб ва ҳаводорони эҷодиёти Ҳ.Ғоибро президенти АИ ҷумҳурӣ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, оид ба умдатарин хусусиёти ашъори шоир сухан гуфт. Ҳамчунин, донишмандони шинохта М.Муллоаҳмадов, А.Сатторзода, А.Кӯчаров, М.Тоҷдинӣ, адибон Гулназар, А.Ҳаким ва чанд нафари дигар суханронӣ карда, шеъри шоирро аз ҳар нигоҳ тафсир бахшиданд. Ҳофизи шинохта Раҳматуллои Ҳошим аз ашъори Ҳ.Ғоиб сурудҳо сароид.
Ин ҳамоиши муҳаббатбор бо суҳбат ва шеърхонии устод Ҳақназар Ғоиб ҳусни анҷом ёфт.
А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр