Нашрияи Омӯзгор

Гулпарварӣ зебоипарастист

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Зимни дарсҳои тарбиявӣ ман кӯшиш менамоям, ки шогирдонамро дар рӯҳияи риояи одоби ҳамида, ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, эҳтироми ҳамдигар, пос доштани муқаддасоту анъанаҳои миллӣ тарбия намоям. Бо ин ҳадафҳо дарсҳои тарбиявиро ба мавзӯъҳои гуногун ҳамбаста менамоям.

Чунончи, бо мақсади таҳкими ҳисси зебоипарастии хонандагон як дарси тарбиявиро ба мавзӯи гулу гулпарварӣ мебахшам. Дар ин дарс нахуст синфхона бо гулҳои зинда (дар тубакҳо ва зарфҳои дигар), гулҳои сунъӣ ва расми гулҳои гуногун ороста мешавад. Барои намоиш додани навъҳои гулҳо воситаҳои техникии таълим нақши муайян мебозанд. Дар оғози дарс ба хонандагон оид ба гулҳо маълумоти умумӣ ироа мекунам. Гулҳо яке аз қадимтарин намуди рустаниҳо дар рӯйи олам мебошанд. Онҳо аз ҷиҳати намуд, ранг, бӯй ва андозаашон хеле гуногунанд. Чигунагии ранги гулҳо ба дараҷаи мавҷудияти моддаҳои рангбахш дар таркибашон вобаста аст. Гули калонтарин дар дунё рафлезия ном дошта, вазнаш то 9 кг ва қутраш то 1 метр мешавад. Дар  як бех рустанӣ аз як то чандин ҳазор гул мешукуфад. Масалан, як бех лиму 6-10 ҳазор гул мекунад, ки танҳо як қисми муайяни онҳо бор меоваранд (боқимонда гулҳо ё мехушканд ё мерезанд). Ҳазорҳо бех рустаниҳои гулашон гуногун ва зебою хушбӯй  хиёбону кӯчаву боғҳо ва назди биноҳоро оро медиҳанд. Шакли гулҳо дар офаридани расмҳо, рамзҳо, гилему матоъҳо, дар меъморӣ ва наққошӣ ва  навъҳои гуногуни санъати тасвирӣ истифода мешаванд. Аз гули рустаниҳо равғани эфир мегиранд, ки барои истеҳсоли атриёт ва дар саноати хӯрокворию дорусозӣ ба кор меоянд. Гули баъзе аз рустаниҳо барои тайёр кардани мураббо, хуштаъму шифобахш шудани чой ва нӯшокиҳои дигар истифода мешавад. Шаҳди гул манбаи асал мебошад. Дар адабиёти тоҷик гул ҳамчун рамзи ёр, зебоӣ, шукуфоӣ, ороиш, накҳат… фаровон иитифода шудааст. Шоирон дар васфи гулҳо шеърҳои зиёд гуфтаанду мегӯянд. Чанд мисол:

Гул дигар раҳ ба гулистон омад,

Вораи боғу бӯстон омад.

Рӯдакӣ

Гул неъматест ҳадяфиристода аз

биҳишт,

Мардум каримтар бишаванд дар наими

гул.

Кисоӣ

Баҳор омад, дарахтон гул кушоданд,

Чу хубон уқдаи кокул кушоданд.

Лоиқ

Идомаи дарси тарбиявиро ҳамбаста ба саволу супоришҳои зерин баргузор менамоям: Номи гулҳоро номбар кунед. Кадом гулҳоро дӯст медоред? Дар диёри мо кадом гулҳо мерӯянд? Маросимҳои  тантанавиеро гӯеду шарҳ диҳед, ки бо гулҳо алоқамандӣ доранд. Дар васфи ягон гул порае шеър гӯед. Муҳимтарин хусусияти гулҳоро номбар кунед. Кадом гулҳо дар  кадом фаслҳо мешукуфанд?

Чунин дарси тарбиявӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон нақши муассир мегузорад ва дар хотирҳо нақш мебандад.

 

Аслигул Паҳлавонова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш