Нашрияи Омӯзгор

Дар деҳи хурде барои сад ҷаҳонам зодаанд!

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

(Ангорае дар ҳошияи осори устод Сорбон)

Дар адабиёти муосири тоҷик устод Сорбон нависандаест бо сабку услуби вежаи нигориш ва бо доираи фарохи назар. Эҷодиёташ басо фарогиру бапаҳност ва дар арсаи эҷод ба мавзӯъҳои гуногун даст задаву комёб гаштааст ва собит бинмудааст, ки агар қаламкаш, воқеан ҳам, соҳибистеъдоду вусъатбин бошад, дар ягон ҷабҳаи адаб ба санги нокомӣ пешпо нахоҳад хӯрд.

Ин адиби хушгуҳарро адабиётшиноси маъруф, устод Абдунабӣ Сатторзода «ровии Амондара» номидаасту пажӯҳишгари мумтоз Кароматуллоҳи Шукруллоҳӣ дар тавсифаш «нависандае, ки ба касе монанд нест» гуфтааст. Ҳар касе, ки аз осори устод Сорбон огаҳӣ дорад, қазоват хоҳад кард, ки гуфтаҳои ҳар ду суханшинос ифодагари воқеиятанд. Амондара бузургрустоест дар ҳудуди  шаҳри бостонии Панҷекат. Ин ҳодисаи маъмули адабист, ки бархе аз адибон барои таъмини соҳати ҷуғрофии эҷодиёти хеш шаҳреву деҳкадае хаёлӣ бунёд месозанд ва онро бо ормонҳои адабии хеш «меороянд». Вале устод Сорбон аз пайи дарёфти «қишлоқи тиллоӣ» науфтодаасту рустои азизи хеш, зодбуми авлодиашро созгор ба ҳама хостаҳову бофтаҳову гуфтаҳои худ дарёфтааст ва бо садоқату муҳаббат «деҳи ман як пораи хоки Ватан» гуфтаасту ҳикмати волои «ватандӯстӣ аз дӯст доштани зодгоҳи худ сар мешавад»-ро ҷонибдорӣ бинмудааст. Қисмати умдаи эҷодиёти устод Сорбон ҳамбастагии қавӣ бо рӯзгору пайкори аҳли Амондара, рухдодҳову  падидаҳову гуфтору кирдору расму оини марбут ба мардуми ин бузургдеҳа дорад. Ин нукта ҳам бебаҳс менамояд, ки агар нависанда тунукқалам бошад, дар муҳити рустое маҳдуд монданаш нокому гумномаш мекунад, вале агар тавонову қодирсухан бошад (чун устод Сорбон), деҳаро ба кишваре табдил медиҳад, русто барояш ба сони қуллае мешавад, ки аз он тамоми ҷаҳон пеши назар падид ояд. Ба ибораи устод Лоиқ, аз дарёдиливу огаҳӣ як қатраро дарё кунад. Нависандаи сустис-теъдодро агар тамоми ҷаҳон паҳнои эҷод бошад, суде накунад ва махуфтар он аст, ки ӯ аз ин паҳно тангно месозад. Бо мутолиаи эҷодиёти устод Сорбон кас ба фаҳме мерасад, ки ӯ ҳар гӯшаву канор, кӯчаву тангкӯча, шебу фароз, хонаву буна, зану мард, ҳикмату ривоят, гулу гиёҳ, сангу хори зодгоҳашро бисёр хуб медонаду мешиносад, ба гунае ки ҳеҷ гоҳ поятон хоки Амондараро зер накардаву чашматон манзарае аз онро надидаву гӯшатон сухане дар борааш нашунида бошад ҳам,  бо мутолиаи нигоштаҳои устод Сорбон «амондарашинос» ва як сокини ин русто хоҳед шуд. Хамирмояи осори устод аз хоктӯдаҳои Амондара шӯрида шуда.

Боз ҳам устоди варзида Сатторзода фармуда: «Манзараҳои Амондара ва тарзи гуфтору рафтори аҳли он қариб дар ҳамаи асарҳои нависанда ҳузур доранд. Меҳри деҳа ва бошандагони он аз овони бачагӣ дар тану  ҷони адиб ҷо гирифтааст ё чунонки мегӯянд, ба хун даромадааст».

Сухани устод Сорбон бӯйи гуворои деҳа мекунад, кас бо мутолиаи осораш аз гуфтугӯи мардум, накҳати гулу гиёҳ, эҳсоси гуворои манзараҳои зебо, садои дилнавози чашмаву обшор,  хониши фараҳафзои мурғон… лаззат  мебарад, роҳат мекунад. Ин аст ҳамбастагии самимию табиӣ ва садоқатбунёд бо додгоҳи азиз, ба Ватани маҳбуб!

Аввалтар   аз ҳама, забони эҷоди устод Сорбон, ки пайванди ногусастанӣ бо гӯйиши ҳамдиёронаш дорад, бозгӯйи самараи  неку  муҳаббати ӯ ба зодбумаш мебошад. Адабиётшиноси мумтоз Худоӣ Шарифзода дар ҳошияи романи «Барзгар» - и устод овардааст: «Аз назари забон ва тарзи сухан сабки роман забони адабии тоҷикӣ дар заминаи гӯиши водии Зарафшон то Самарқанд аст». Ҳамзамон, адабиётшинос таъкид мекунад, ки ин ҳолат маҳдудае дар забони осори адиб ба вуқӯъ наовардааст, балки калимаву ибораву ифодаҳои ин минтақа «бо ҳамоҳангию ҳаммаъноӣ (ва ҳамнишинӣ – А.М.) бо забони адабӣ сабки хосси асарро ба вуҷуд овардаанд».

Устод Сорбон дар гуфтор сарроф аст;  нек медонад, ки кадом вожаро аз гӯиши мардумӣ метавон корбаст дар забони асари бадеӣ намуду аз сари хома овардани кадом вожа қатъи назар кард. Дар ин кор ӯ насиҳатпазир аз устод Айнист, ки аз забони халқ калимаҳои мувофиқу арзандаро дарёфтаву ба забони адабӣ интиқол бояд дод гуфта. Насри шеъргуна дорад устод Сорбон ва  лаҳнаш дарзамон  корагар бар дилҳо мешавад, касро мафтун мекунад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки забони адабии муосири тоҷикро бидуни омӯхтани осори ин нависандаи санҷидагӯй наметавон ба таври комил фаро гирифту тавзеҳ бахшид.

Луғатофарон, таваҷҷуҳ кунед; вожазори осори устод Сорбон гулҳое дорад ба рангу бӯи дигар, ба ҳусну таровати тозаву тар. Дигаргуна, башира, табиию муассир ва халқиёна сухан гӯяд устод Сорбон. Аз ин лиҳоз, метавон далелҳое фаровон овард дар заминаи формулаи адибии  «аксар қаламкашон ин мазмунро маъмулан ин тавр иброз медоранд, аммо устод Сорбон дар ин бад-ин гуна мазмунороӣ хоҳад кард, ки мақбултару муассир аст».

Ҳусни баёни устод дар сатҳе таъсиргузору ҷозибадор аст, ки хонанда нохудогоҳ ба як шоҳиди ҳодисаҳо табдил меёбад, дар хати сужа ҳузур пайдо мекунад, бо қаҳрамонони асар меомезад. Дар романи «Ҷӯгӣ» тӯдаи сагони лошахӯри ҳарис дар гӯшаи хилвати саҳро ба тасвир омада, ки дар наздикашон шахсе бо ғаразе дар вазъи вахим монда. Тасвир чунон табиию боварбахш аст, ки хонанда худ-ро дар канори он шахс дармеёбад ва мехоҳад сагонро «тур» гӯяд ё санге ба сӯяшон афканад, то он шахсро осеб нарасонанд. Ва чунин тасвиркориҳои табиию муассир дар осори устод Сорбон чунон фаровонанд, ки дар ҳар сафҳае метавон дучор омад…

Ғановату тавонмандӣ, ҳусну ҷилои забони моро осори ин нависандаи маҳбуб намоишгоҳ аст. Дар нигоштаҳои ӯ чун дар назм ташбеҳҳои тоза, тавсифу истиораҳои бикр, мазмунҳои баланду дилписанд зиёд ба мушоҳида мерасанд ва донишафзову мафтунгари хонанда мешаванд. Вожачинӣ мекунад байни мардум устод Сорбон ва гумон мекунӣ, ки чун вожаи сараву дилчаспе шунавад, чашмаш медурахшад, дилаш равшан мешавад, дасташ ба хома меравад.

Бисёр вожаҳои маъмулу муҷаллое, ки мо ҳамарӯза мешунавем, барои адабиёт кашфи устод Сорбон аст, ончунонки устод Сатторзода боре гуфта буданд: «Ҳама медонем ва борҳо шоҳид шудаем, ки «аз кӯҳ санге чун фитод, сад сангро беҷо кунад», вале барои адабиёт ин бозёфти устод  Лоиқ аст. Барои дарёфту корбасти вожаҳои мақбулу сараи мардумӣ бояд чун устод Сорбон ақли даррок, нигоҳи амиқбин, бардошти саҳеҳ ва андешаи рангин дошт. Инак, як силсила вожаву ибораву ифодаҳоеро далел меоварем, ки танҳо аз се романи устод («Барзгар», «Зуза» ва «Ҷӯгӣ») барчида шудаанду ба гумони ғолиб, бозёфтҳои устод Сорбонанд аз доираи гуфтори мардум: рӯғозак, фиреҷ, зак, тагтар, пайвастаборон, лақу дақ, кӯрофтоб, шохчукка, нозғунҷ, чалчиқ,  ҳугур, хомдарид, чукка, партуллак, маргсандуқ, ғинҷ, қарқин, ғирт, бодпаноҳ, меғи обхӯрда, барфи рӯгирифта, кашолумолон, силтав, вазза, зузагоҳ, ҳуркидан, шибоғ, олуғданамо, синча, каргасрез, суммот, шохбаст, беланг, дарвағна, аристон, таллоғу, ажғо, чика, бади бало, ҳиша, анойӣ, гиркиш, чорлахт, ғиёмкор, ангуманг, қирранг, фачак, харсагҳои гургхӯри хирскафон…

Чунин воҳидҳои забониро, ки зумрае аз онҳо дар нигоштаҳои иддае аз соҳибқаламон ба нуд-рат вомехӯранд, дар эҷодиёти устод Сорбон  зиёд, дар ҳар сафҳаву сархат метавонем дучор оем. Ин маврид ёдовар бояд шавем, ки устод муаллифи 10 роман, наздик ба 20 қисса ва 4 китоби ҳикояҳост…

Воқеан ҳам, нависанда бонии забон аст, гулистони  вожаҳоро на танҳо аз хору хас барӣ месозад, балки гулу гулбуттаҳои нав мепарварад, аз сухан гул меофарад. Гулистони вожаҳои осори устод Сорбон димоғпарвару рӯҳнавоз аст, ба дилҳо шодию фараҳ эҳдо мекунад. Аз нигоҳи корбасти забон ва ҳусни баёну ҳунари нигорандагӣ офаридаҳои устод кохи муҳташамеро мемонанд, ки ҳама чӯбу хишту сангу афзораш ҷо ба ҷо, қоим  омада, хиштеро аз ин кох наметавон баргирифт ё ҷой иваз кард. Дар осори ӯ ҳар вожа гӯиё садо дармедиҳад, ки «ана, дидед, ҷои хосу  моси ман куҷост?!» Ва дар ҷои хосу мосаш вожа ҳаловат мебарад, дигаргуна ба ҷилва меояд, нерумандтар, пурҷилотар мешавад, бори маъноиаш бештар гардад…

Дар китоби рӯзноманигори варзидаи рус Феликс Медведев «Арзиши огаҳмандӣ» омадааст: «Чун аз адиби барҷастаи арманитабори амрикоӣ Уилям Сароян мепурсанд, ки дар бораи чӣ менависад, чун захираи афкори адабиаш итмом мепазирад ва умуман, оё ӯ аз захираи афкори адабиаш меандешад?

Дар посух ин мӯйсафеди хирадманд мегӯяд, ки захира худи манам; то ҳастам, захира боқӣ хоҳад монд».

Устод Сорбон, ки инак, ба синни мубораки 80 расиданд, зинда бошанд. Мабод рӯзе, ки адабиёти оламгири мо бе захира монад!

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш