Нашрияи Омӯзгор

Оламеро зебу фар омӯзгор

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Солҳо боз ӯро аз наздик мешиносем. Мардест худогоҳу хештаншинос, хоксору фурӯтан, хайрхоҳу росткор, саховатпешаву поксиришт, устоди маънавии ҷавонони бомаърифату падари ғамхори фарзандони баруманду солеҳ.

Панҷоҳ соли умри пурбаракати хешро дар мактабҳои умумии деҳаҳои Қаротоғи ноҳияи Турсунзода, Варзи Манору Зеробод, Реваду Урметани ноҳияи Айнӣ ба кори таълиму тарбия бахшидааст. Маҳз ҳосили ранҷу машаққатҳои кашидаи ӯ дар фосилаи беш аз панҷоҳ сол раҳнамуни шогирдон ба шоҳроҳи илму дониш ва маърифат мебошад.

Устод Шарифмурод Маҷидов машъалафрӯзи роҳи дурахшони шогирдон, яке аз обрӯмандтарин омӯзгорон ва яке аз беҳтарин донандагони илмҳои дақиқ ба ҳисоб меравад. Баҳри рушду нумӯи илму дониш монанди шамъ сӯхтану дар қалби шогирдон мисли хуршед нури маърифат-ро фурӯзон намудан шиори асосии ӯ мебошад. Мавриди ёдоварист, ки дабистони Урметан чи дар гузашта ва чи имрӯз «Майдончаи илмҳо» дониста мешуд.

Шарифмурод Маҷидов мактаби махсуси худро таъсис дода, мояи ифтихори омӯзгорону маорифчиёни ноҳия гардидааст. Садҳо шогирдро ба камол расонда, дар рушду нумӯи илмҳои дақиқ гом бардоштааст.

Худи ӯ мегӯяд, ки арбобони давлатӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ, ҷунайдулло Ҷунайдов, Мавҷуда Бобоева, Гулчеҳра Саъдуллоева, Шодиқул Бобоҷонов ва олимони шинохта Муродулло Нуруллоев, Шамсиддин Самаров, Шавкат Халилов, Зафар Исломов, Фурқат Миров, Истамқул Халилов, Сулҳиддин Бадалов ва чанде дигар шогирдонам бо кору пайкори шоис-таашон дар саросари ҷумҳурӣ машҳуранд.

Хуб дар ёд дорем. Соли 1975 шогирдони устод Шарифмурод Маҷидов - Шодиқул Бобоҷонов ва Сулҳилло Абдуллоев дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Шодиқул Бобоҷонов сазовори медали тилло ва Сулҳилло Абдуллоев  бо медали нуқра шарафёб шуданд. Ин анъанаро дар замони соҳибистиқлолии кишвар шогирдони мавсуф давом дода, соли 2011 Меҳрдод Ёров ва соли 2015 Бежан Ниёзов дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни физика сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардиданд.

Мавриди ёдоварист, ки таҷрибаи пешқадами устод Маҷидов пайваста аз тарафи кормандони  раёсати маорифи вилояти Суғд ва шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ борҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Фаъолияти хуби назаррас, навҷӯёна ва эҷодкоронаи ӯ соли 1986 бо унвони муаллим-методист, соли 2004 ба нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаю раҳматномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи ноҳия қадрдонӣ гардидааст.

Ҳангоми фаъолият дар муассиса фориғ аз кор ё дар лаҳзаҳои муносиб аз машварату маслиҳатҳои судманди устод Маҷидов баҳравар мешудем. Нек дар ёд дорем. Дар чорабинии адабӣ-мусиқӣ бахшида ба ёдбуди устоди бузурги сухан Қутбӣ Киром паҳлу ба паҳлу нишаста будем. Аз тарафи шогирде ҳангоми қироати шеъри машҳури «Бӯйи нон» дар чашмони устод Маҷидов ашк чарх зад. Ба ҳайрат афтода, саросемавор пурсон шудем. -Устод тинҷӣ ҳаст? Магар нотоб шудед?

Устод оби дидагони худро пок намуда, баён намуданд.

-Тинҷӣ, тинҷӣ, хотир-ҷамъ бошед. Пас аз чанде дар як суҳбат рози дили худро баён намуданд:

-Шогирдон медонед, чӣ, ман ба каломи мавзуни устод Қутбӣ, хоса ба шеъри  «Бӯйи нон» дилбастагии зиёд дорам. Ҳар дафъае, ки ба назди муҷассамаи шодравон Қутбӣ Киром дар саҳни муассиса равон мешавам, шеъри машҳури «Бӯйи нон»-и ӯ саргузашти айёми бачагии маро пеши назар меорад. Воқеан, ҳар як байту  ҳар як банди он як саҳифаи қисмати дирӯзи халқи тоҷик ва ману ҳамсолонамро дар замони мудҳиши Ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ба ёд меорад. Шеър хеле самимӣ суруда шудааст. Инсон дар ҳар давру замон ба нон эҳтиёҷ дорад. Аз  қавле, «Нон бошад, суруд ҳам мешавад». Ё мақоли «Нон дорӣ - ном дорӣ» гувоҳи гуфтаҳост. Шукр мекунам, ки насли ҷавон доғи ҷангу гуруснагиро надидаанд. Ҷавононро даъват мекунам, ки  шукри сериву пурӣ, Истиқлолият, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва неъмати арзишмандтарин - нон намоянд.

Воқеан, шеъри ноби «Бӯйи нон»-и устод Қутбӣ Киром дорои аҳамияти баланди тарбиявӣ буда, насли наврасро даъват мекунанд, ки  ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд, ватандӯсту худогоҳ ва хештаншинос бошанд.

Нақши мондагори устод Маҷидов дар вусъати корҳои ободӣ ва созандагии деҳу муассиса ва ғамхорӣ ба шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои пирони барҷомонда хеле назаррас аст.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ду корхонаи масолеҳи сохтмон ва осиё бунёд намуданд.

Бо дастгирии соҳиб-корон,  устод Маҷидов аз маблағҳои буҷавии муассиса як қатор ободкориҳо анҷом дода шуд. ҳамчунин, ҳуҷраҳои  фанҳои технологияи иттилоотӣ, технология, химия, риёзӣ, биология, география ва забони русӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз ва синфхонаҳо бо мизу курсӣ таъмин гардиданд.  Маҳз бо иқдоми устод Маҷидов соли 2009 ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ ҳуҷраи физикаи таълимгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин карда шуд.

Бо шарофати заҳмати устодони арҷманд муассисаи  деҳаи Урметан аз таълимгоҳҳои шуҳратманд ва пешрав аст. Аксари шогирдон анъанаи неки устодонро сармашқи кори хеш намуда, ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Дар чорабиниҳои мактабӣ, озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд. 

Ба боғбони боғи маърифат - устод Шарифмурод Маҷидов гуфтанием:

- Зиҳӣ устод, зиҳӣ боғбони боғи маърифат. Сабз андар сабз бод маскани илму дониш ва маърифат.

 

Шараф Боқӣ,

Сулҳиддин Тилабов,

Амон  Раҳимов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш