Нашрияи Омӯзгор

Умре дар ҷодаи илму таълим

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Саъдулло Неъматов соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба риштаи суханшиносии факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1970 хатм кард.

Қобилияту азму талошу фаҳмиши ӯро ба назар гирифта, дар кафедраи забони тоҷикии донишкада ба ҳайси ассис-тент ба кор қабул карданд ва фаъолияти доманадораш дар ин даргоҳи илм оғоз ёфт.

Соли 1971 бо ибтикори мудири кафедраи забони тоҷикӣ, шодравон Фарҳод Зикриёев Саъдулло Неъматов ба аспирантураи назди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе баҳри ба роҳ мондани корҳои илмию пажӯҳишӣ роҳхат гирифт.  Пас аз имтиҳоноти қабул забоншиноси маъруф, профессор М.Исматуллоев дониши хуби Саъдуллоро қайд карда, изҳор дошт, ки ба шоҳроҳи илму тадрис ҷавонмуҳаққиқе қадам гузошт, ки ояндаи дурахшон дорад.

Соли 1976 Саъдулло аспирантураро бо муваффаrият хатм кард ва ба донишкадаи азизаш ба шаҳри Хуҷанд баргашт. Рисолаи номзадиаш омода шуда буд, вале Шӯрои диссертатсионӣ аз ихтисоси  методикаи забони тоҷикӣ дар макотиби русӣ мавҷуд набуд. Тақдир ӯро ба шаҳри Москва, ба Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии мактабҳои миллии Вазорати маорифи Федератсияи Россия овард.

Рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Асосҳои илмии таълими забони тоҷикӣ дар шароити дузабонӣ» дар шуъбаи методикаи таълими забонҳо муҳокима ва ба ҳимоя тавсия карда шуд. 25 сентябри соли 1980 Саъдулло Неъматов рисолаи илмии худро бо муваффақият дифоъ карда, ба унвони номзади илмҳои педагогӣ сазовор гардид.

Соли 1981 Саъдулло Неъматов ҷонишини декани факултаи филологияи русии Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд таъйин мегардад. Доираи шуғли илмӣ-назарӣ ва илмӣ-методии мавсуф пайваста васеъ мегардад. Соли 1983 Барномаи нави таълим ва солҳои 1984-1985 китобҳои нави дарсии «Забони тоҷикӣ барои синфҳои 3-4, 5-6 ва 7-8»-и мактабҳои русӣ бо иқдоми Саъдулло Неъматов (дар ҳаммуаллифӣ) нашр шуданд. Байни солҳои 1985-1991 Саъдуллоҷон Неъматов дар конфронсҳои мухталифи илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Аштархон, Самара, Бишкек, Санкт-Петербург, Минск оид ба проблемаҳои мубрами дузабонии миллӣ–русӣ, русӣ-миллӣ, таҳияи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ маърӯзаву гузоришҳо анҷом дода, ба ин минвол, рисолаи докториашро низ барои ҳимоя намудан омода мекард.

Ниҳоят, 14 ноябри соли 1991 дар Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мактабҳои миллии назди Вазорати маорифи Федератсияи Россия Саъдулло Неъматов рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Асосҳои илмии таълими лексикаи забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар шароити дузабонии русӣ-миллӣ» ҳимоя менамояд. Раиси Шӯрои дисертатсионӣ, профессор Рамазон Сабаткоев чунин мегӯяд: «Рисолаи доктории Саъдулло Неъматов дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин тадқиқоти илмист, ки ба таҳияи модели нави дузабонии русӣ - миллӣ ва таълими забони давлатӣ барои русзабонҳо бахшида шудааст».

Муддати тӯлонӣ С.Неъматов дар вазифаҳои мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ, декани факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кард.

Бо ташаббуси ректори ҳамонвақтаи донишкада, профессор Марҳабо Ҷабборова  ва кӯшишҳои Саъдулло Неъматов соли 2000 бори аввал дар ҷумҳурӣ Маркази забони русии назди Хазинаи «Олами рус» (Фонд «Русский мир»)  ба фаъолият шурӯъ кард.  Марказ дар роҳи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати ҶТ оид ба такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳиссаи арзанда мегузорад. Қобили зикр аст, ки дар маҷлиси ҳарсолаи Ассамблеяи Хазинаи «Олами рус» фаъолияти Маркази забони русии донишкадаи забонҳо махсус қайд мегардид.

Саъдулло Неъматов соли 2011 ба ҳайси мудири шуъбаи арзёбии таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикстон ба кор шурӯъ кард.

Ӯ соли 2013 дар таҳияи Барномаи давлатии чора-ҳои амалӣ бобати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ дар давраи солҳои 2015-2020 ва барномаи давлатии нав қабулшуда дар ин самт (29 августи соли 2019) барои солҳои 2021-2030 саҳми муносиб ва арзанда гузоштааст.

Саъдулло Неъматов аз соли 2015 то ин дам профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, котиби илмии Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – назария ва методикаи таълим ва тарбия, узви се Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад.

Таҳти роҳбарии мавсуф то имрӯз 24 нафар ба унвони номзади илм ва 2 нафар - доктори илм сазовор гардиданд, ки 14 нафари онҳо аз рӯйи ихтисоси методикаи таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ мебошад.

Профессор Саъдулло Неъматов муаллифи 3 монография, 6 китоби дарсӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои мактабҳои русӣ (солҳои 1984-1989), 8 дастури таълимӣ-методӣ ва раҳнамои таълим аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ барои мактабиён ва донишҷӯён, зиёда аз 150 мақолаву гузориши илмист. Алҳол 5 аспирант ва 6 унвонҷӯ таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои илмии худро ба анҷом мерасонанд.

Мавсуф аз соли 2014 то имрӯз узви Шӯрои ҷамъиятии кишварҳои ИДМ доир ба дастгирӣ ва таълиму тадриси забони русӣ дар пойгоҳи Институти забони русии шаҳри Москва ба номи А.С.Пушкин маҳсуб меёбад.

26 январи соли 2020 Саъдулло Неъматов 70 - умин баҳори умри хешро истиқбол мегирад. Дар ин рӯзи саид барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем. Сиҳатмандӣ, умри дароз, бахти наку ва хонаободӣ насибаш гардад.

М.Лутфуллозода,

Ф.Шарифзода,

И.Каримова,

Ғ.Бобизода,

С.Шербоев,

М.Саломиён


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш