Нашрияи Омӯзгор

Ҳафтаи фаннӣ самаровар аст

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаҳои фаннӣ омили хуби баланд бардоштани сатҳи маърифат, васеъ гардондани ҷаҳонбинии хонандагон, инкишоф додани маҳорати суханрониву сухандонии онҳо ва сабаби бедории фикрии шогирдон мегардад.

Дар ҳафтаҳои фаннӣ омӯзгорон тибқи нақша дарсҳои кушод, соатҳои тарбиявӣ, виктаринаҳо, озмунҳои гуногуни интеллектуаливу маърифатӣ, конфронсҳо ва баромаду саҳначаҳоро роҳандозӣ менамоянд, ки ин, албатта, ба шуури хонанда бетаъсир нахоҳад буд.

Албатта баргузор намудани чорабиниҳои гуногун бояд дар доираи ҳафтаҳои фаннӣ маҳдуд нагардад. Бартарии ҳафтаҳои фаннӣ дар он аст, ки омодагиҳо дар он ҷиддитар буда, омӯзгорон аҳлона фаъолият мекунанд. Яке мекӯшад аз дигарӣ беҳтар бошад. Ин сабқат дар байни хонандагон низ ба мушоҳида мерасад. Рақобати солим боиси пешравии кор мегардад. Ҳар кафедра ё иттиҳодияи методӣ талош меварзад, ки корро ҷонноктар намуда, аз тарафи маъмурияти муассиса баҳои баланд гирад.

Хушбахтона, ҳафтаҳои фаннӣ дар литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор мешаванд. Дар давоми чор моҳи сипаригаштаи соли таҳсили 2019-2020 дар литсей 7 ҳафтаи фаннӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он хонандагону омӯзгорон фаъолияти пурсамар намуда, як қатор чорабиниҳои гуногуни маърифативу илмӣ ва адабиро доир намуданд. Дар давоми ин ҳафтаҳо меҳмонон аз донишгоҳу донишкадаҳо, шоирону нависандагон, муаллифони китобҳои фаннӣ ва дигар шахсиятҳои шинохта даъват карда шуданд. Хонандагони фаъол бо қироати шеъру суруд, маърӯзаву баромадҳо, саҳначаҳои ҷолиб ва дигар ҳунарнамоиҳо худро дар назди устодону меҳмонон ва ҳамсабақонашон ҳамчун шахси бомаҳорат ва ба ҷамъият фоидаовар муаррифӣ намуданд.

Хуб ба роҳ мондан ва мақсаднок ташкил намудани ҳафтаҳои фаннӣ боиси беҳтар шудани саводнокӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон мегардад.

 

Матлаб БОБОЕВ,

омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш