Нашрияи Омӯзгор

Оинадор

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Устоди олиқадр, Абдурашиди Самад !

Собиқаи дӯстии мо шояд камтар аз як сол бошад, аммо муҷиби шукрҳост, ки Шумо дар зиндагонии мо дер  ё зуд тулӯъ кардед: бо масоҳати бисёр азими андешаву пиндору назар, бо маърифати вусъатманде, ки фарогири қарнҳову замонҳову мулкҳову маконҳои ошнову ноошност, бо дили маъсуми кӯдакона, ки мазҳари поки муҳаббати бузургони олам аст. Аслан, ман боре ҳам Шуморо надидаам, балки на, дидаам! Дидаам дар оинахонаи осору афкоратон, дар дурдастҳову фарозҳои нигоҳу тафаккуру ормонҳоятон. Ман ҳамеша иродати рӯшан дорам ба ҳакимону донишвароне, ки ба ҷуз фарҳангу адаби миллати худ бо эътимоду эътиқоду эҳтиром ба фарҳангҳои дигар руҷӯъ мекунанд, бедалел худро офтобу дигаронро шамъ намепиндоранд, дар миёни соҳилҳои дури асливу маҷозӣ пулҳо меофаринанд, бани башарро ба таҷаллизори ягонагиву тавҳид боз мехонанд, чун найи Мавлоно аз фироқ меноланду ҳадиси васл мегӯянд. Шумо ба чашми хонандаи тоҷик чеҳраи тобони нухбагони дунёро тоза ба тоза боз намудед. Аслан ки он чеҳраҳо ҳамеша бозанд, аммо чашми мо, ки аз ғафлат боз нест, пас пайваста эҳтиёҷ ба ҳодиёне дорем, ки бо кӯлбори ирфону иршод моро омӯзгориву афрӯзгорӣ намоянд. Шумо низ дабири башоратовари моед. Дабири басо фурӯтану ботавозӯву муаддабу ҳақнигору партавнисор. Ҳудуди бист сол ё шояд бештар аз он Шумо андаруни разми шадид қарор доред: разм бо ранҷуриву шиканҷаҳову бохтҳо, разм бо зоҳирнигорону дилбехабарон, разм бо донишхарону донишфурӯзон, разм бо чуну чарои оламу чуну чарои худ...  Аммо бо ин ҳама зарбаи размандагон Шумо на афтодатар, балки сарафрозтару пирӯзтар мешавед, бо рисолати офаринанда фардоҳоро дуруд мегӯед, бо парчами шукр ба шодбоди зиндагӣ мешитобед. Орзу мекунем, ки Худованди бузург ҳама дарҳои лутфу иноётро ба рӯи Шумо боз намояд, ранҷҳоро баргирад ва саодатҳоро ба ҳаёти Шумо бозгардонад, бароятон фурсати фарохе эҳдо намояд, ки Шумо боз ҳам ҷаҳонро ба мову моро ба ҷаҳон ошно созед. Милод муборак, устоди рашиди мо, милод муборак, оинаи оламнамои мо:

Оинаи ғарбро мунаввар кардӣ,

Андешаи шарқро мусаххар кардӣ.

Анвори муҳаббати дилатро барчош

Сар то ба сари фарангу ховар кардӣ!

 

ФАРЗОНА,

Шоири халқии Точикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш