Нашрияи Омӯзгор

«Накуӣ одамро шод ва оламро обод мекунад»

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Тарбия дар раванди таҳсилот ҳамеша мавқеи меҳварӣ дорад ва бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба камол расондани насли наврас аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад. Асарҳои гаронбаҳои адибону бузургони гузаштаамон баёнгари он аст, ки тарбия мушкилтарин ва масъулиятмандтарин вазифа буда, аз аҳли ҷомеа талошу пайкори ҳамешагиро тақозо мекунад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки омехташавии фарҳангҳо вусъат ёфтааст ва  ҳар гуна амалҳои манфуру хатарзо ба ҷомеа таҳдид мекунанд, тарбияи насли наврас мусъулияти бештарро тақозо менамояд. Бинобар ин, дарсҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ бояд ҳадафмандона роҳандозӣ гарданд, то дар камолоти маънавии муҳассилин муассир бошанд. Аз ин рӯ, омӯзгорро зарур аст, ки барои дарси худ нақша чорабиниҳои мушаххасаро тартиб бидиҳад ва аз рӯи он маводи заруриро ҷамъоварӣ намояд ва дар дарсҳои тарбиявӣ барои хонандагон андешаҳои хуби омӯзандаро пешниҳод кунад.  Дар ин самт вазифаи аҳли зиёи кишвар масъулиятбор мебошад. Хушбахтона,  аҳли зиёи кишвар бо таълифи осори арзишманд дар баланд бардоштани маърифат ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия  намудани  насли наврас саҳми босазо мегузоранд. Китоби муҳтавоманди «Дар талоши накуӣ» (Душанбе: «Ирфон», 2019) бо фарогирии мавзӯъҳои тарбиявӣ ба маърифатманду соҳиби ахлоқи ҳамида гардидани насли наврас мусоидат мекунад. Китоб аз нақлу ривоят, афсона, ақидаҳои панду ахлоқӣ иборат буда, фарогири  ҳафт боб – «Некӣ ва накуӣ», «Модар ва падар», «Ватан ва табиати Ватан», «Меҳнат ва касбу кор», «Инсондӯстӣ», «Илмомӯзӣ ва китобу китобхонӣ» ва «Устод ва шогирд» мебошад.

Муаллифони сарсухан, тавзеҳот ва фароҳамова-рандагони матн, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзулло Шарифзода  ва номзади илмҳои педагогӣ Хушвахт Бозоров мебошанд.

Аз мутолиаи  китоби мазкур маълум мегардад, ки муаллифон дар таҳияву омодасозии китоби мазкур заҳмати зиёд кашида, ҳикоя ва панду андарзҳои овардашударо шарҳу тавзеҳ бахшидаанд, ки  кори омӯзгорон осон мегардад ва хонандагон низ дар мутолиаву дарки он  мушкилӣ нахоҳанд кашид. Дар боби аввали он, ки «Неки ва накуӣ» ном дорад, муаллифон мафҳуми ду калимаро бо мисолҳои мушаххас шарҳу тавзеҳ бахшидаанд.  Боби мазкурро ба чанд мавзӯъ ҷудо намуда, дар охир саволномаҳоро пешниҳод намудаанд, ки бо ин омӯзгор дармеёбад, ки хонандагон то чӣ андоза мавзӯи пешниҳоднамудаи омӯзгорро маърифат кардаанд. Ба ақидаи устод Муҳаммад Лутфуллозода, «Накуӣ одамро шод ва оламро обод мекунад».

Дар боби сеюм «Ватан ва табиати Ватан» ба масъалаи ватандӯстии насли наврас таваҷҷуҳ гардида, ба таври сода мафҳуми Ватан ва модар тавзеҳи худро ёфтааст. Дар баробари шарҳу тавзеҳ бахишидани мафҳуми Ватан, таҳиягарони китоб, инчунин, барои вусъат бахшидани андешаи хеш аз адибону донишамандон мисолҳо доир ба Ватан овардаанд. Аз ҷумла, ба гуфти файласуф Афлотун «Алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест».

Ҳамчунин, боби мазкур аз мазӯъҳои мушаххаси гуногун таркиб ёфта, хонанда бо мутолиаи он ба умқу дарки мафҳумҳои Ватан ва модар мерасад.

 Дар боби шашум - «Китобу китобхонӣ» ба масъалаи муҳим - китобхон гардидани насли наврас дахл намудаанд. Ҳикояву ривоят ва панду андарз, ки дар заминаи боби мазкур оварда шудааст, воқеан, муассир буда, хонандаро водор менамояд, ки бо омӯзиш майлу рағбат намояд.  Ба таъкиди муаллифон, «Бадбахт касест, ки дар давоми умр нодону ҷоҳил ва бесавод мемонад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ҳузуру ҳаловати зиндагиро намефаҳмад. Аз баду неки дунё ғофилд мемонад. Носири Хисрав мегӯяд: одами ҷоҳилу нодон дар зиндагӣ чизе ба даст намеорад, ба ҷуз зарару зиён». Омӯзиши мутолиаи осори бадеӣ ҷаҳонбинии хонандаро васеъ намуда, ӯ ба ин васила неку бадро ташхис намуда, ҳодисаву воқеоти ҷомеаро маърифат карда метавонад. Таъсири маърифатбахшии китоби бадеӣ муассир буда, ба сухандону донишманд гардидани насли наврас мусоидат менамояд.

Бобҳои асар ба ҳамдигар пайванди мантиқӣ дошта, мавзӯъҳои мубрамро фаро гирифтаанд. Саволу пурсишҳои дар анҷоми матнҳо овардашуда  кори омӯзгорро осон намуда, дар дарки мавзӯъ ба хонандагон ёрӣ мерасонад. Маълум мегардад, ки муаллифон дар фароҳам овардани китоби мазкур осори зиёдеро мутолиа намудаву беҳтарин андарзу ҳикояҳоро гирдоварӣ намудаанд.

Китоби «Дар талоши накуӣ» барои омӯзгорон ҳамчун дастури роҳнамо дар дарсҳои тарбиявӣ хидмат хоҳад кард.

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш