Нашрияи Омӯзгор

Мавқеи оила ва тарбияи фарзанд

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Агар фазои оила саршор аз меҳру муҳаббат, фидокориву гузашт, самимият ва гармӣ бошад, дар ин ҳолат кӯдакон низ дар ҳамин рӯҳия ба воя мерасанд, ҳамдигарро дӯст медоранд, эҳтиром мегузоранд.

Дар чунин оилаҳо муносибатҳои манфӣ-рашк, душманӣ ва кина, нафрат ва хашм умуман вуҷуд надорад ва аъзои оила кумакрасони якдигаранд.

Оила барои рафъи ниёзмандиҳои ҳаёти инсонӣ, устувории ҷомеа зарур аст. Ҳамчунин, он дорои қонуни муқаддас буда, пайванди марду зан мебошад ва бо тавлиди фарзанд рангу ҷилваи хоссе пайдо мекунад. Волидон фарзандро бояд тавре тарбия кунанд, ки дорои беҳтарин хислатҳои инсонӣ бошад, чун ҳимоятгари Ватан ва ҷомеа ба воя расад. Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Оилаи хуб беҳтарин мактабест, ки дар он кӯдак хушҳолӣ, хушхулқӣ, худдорӣ, масъулиятшиносӣ ва ахлоқро меомӯзад, инкишоф меёбад. Баръакс, оилаи номуносиб бадтарин мактабест, ки кӯдак дар он ҷо интиқомҷӯӣ, туршрӯӣ, ҷинояткорӣ ва дурӯғгӯиро ёд мегирад.

Нақши оила дар тарбияи бенуқсони кӯдак назаррас аст. Кӯдак мисли лавҳи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Маҳз оила аст, ки дар он сифатҳои хуб ё бадро менависад. Оила шахсияти кӯдакро шакл дода, дар вуҷудаш рӯҳияи созандагӣ ё вайронкориро эҷод мекунад.

Меҳру муҳаббат ва ахлоқи писандида дар пойдории оила нақши муҳим дорад.

Ҳар як оила дорои сифатҳои мухталиф ва бо худ хос мебошад. Дар ҷомеаҳои гуногун ин сифатҳо ва вазифаҳо ба далелҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто, сиёсию ҷуғрофӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале маҷмӯи ин сифатҳо дар тамоми ҷомеаи башарӣ аз нуктаҳои зерин иборатанд:

1. Ба вуҷуд овардан ва ба камол расондани инсони солим.

2. Барпо намудани ҷомеаи солим ва ба ин восита, тарбияи фарзандон ба унвони инсонҳои вораставу оқил ва кордон.

3. Ҳамкории аъзои оила барои рушди иқтисодӣ.

4. Таъмини ниёзҳои асосии кӯдак, мисли ниёз ба саломатии рӯҳию равонӣ ва ҷисмонӣ.

5. Ҳамкорӣ ва ҳамфикрии падару модар дар тарбия ва таълими фарзандони худ.

 

Шаҳрбону Зувайдова,

омӯзгори забони давлатӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш