Нашрияи Омӯзгор

Камоли инсон дар адаб аст

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давру замон ахлоқи ҳамида ва рафтори писандида арзиши бузург дорад.

Гузаштагони маърифатпарвари мо ба ин нукта аҳамияти басо муҳим медоданд, зеро осори гаронбаҳои удабову уламо саршори каломи ахлоқй буда, наслҳои ояндаро ба рафтори нек ва башардӯстона роҳнамоӣ менамояд. Дар шароити кунунӣ, ки ахлоқи қисме аз ҷавонон ва наврасон боиси ташвиши волидайн ва калонсолону устодон гаштааст, бояд дар тарбияи ватандӯстӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон мароқи бештаре зоҳир намуд. 

Аз рӯйи урфу одат ва фарҳанги миллии тоҷикон дар зиндагӣ бояд инсон ба касе зарар нарасонад. Ҷавонон ва наврасон вазифадоранд, ки калонсолонро ҳурмат намоянд. Яке аз фазилатҳои  неки инсон огоҳ  будан аз хештан аст, яъне, худро нахуст бояд шинохт, зеро  худро шинохтан зинаи аввали маърифат аст. Омӯзгор дар ин ҷода ба онҳо кумак кунад, то кӯдакон тавонанд ба ин васила, аввал худро шиносанд ва нисбат ба атрофиён эҳтиром гузоранд.

Мувофиқи ақидаи Ҷалолиддини Балхӣ некӣ ва бадӣ танҳо аз табиати худи инсон сар мезанад. Шахс бояд соҳиби донишу хирад бошад, то тавонад ҳамеша дар набарди рӯзгор ғолиб ояд.

Омӯзгор дар соатҳои  тарбиявӣ  метавонад аз ҳаёту фаъолияти  даҳҳо қаҳрамонони меҳнат нақлу ҳикояҳо карда, шавқу ҳаваси наврасонро ба ин ё он касбу ҳунар бедор намояд.

Таъсирбахшии тарбия он гоҳ аён мегардад, ки муаллим тавонад мавзӯи тарбияи ахлоқиро бо ҳаёт ё ҳодисае алоқаманд карда, зиндагии воқеиро инъикос кунад.

Муаллим бояд ба дунёи ботинии кӯдак роҳ ёфта, фитрату заковат ва донишандӯзиро дар ниҳоди онҳо бедор кунад.

 

Баҳринисо ҚУЛМАТОВА,

омӯзгори  мактаби №71,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш