Консепсияи миллии тарбия сиёсати қонунӣ ва ояндаи дурахшони давлатдориамонро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, хусусан, насли наврас муайян месозад.
Тарбияро оташаке номидан мумкин аст, ки бо ёрии неруи маънавии инсон афрӯхта мешавад. Муҳимтарин қуввае, ки одамро бояд тарбия кунад, худи инсон аст. Чӣтавре ки равоншиносе шарҳ медиҳад: “Тарбия кори аз ҳама мушкил, мураккаб, пурташвиш ва ҳамзамон, муҳим ба шумор меравад. Барои дар рафти он ба комёбиҳо ноил шудан пуртоқатӣ, фикри солим, шӯхтабъӣ, масъулиятшиносӣ, муҳаббат, оқилӣ, доираи васеи донишҳо талаб карда мешавад”. Мехрубонӣ аз ҷониби падару модар ва омӯзгор дар тарбия мавқеи хос дорад. Меҳру шафқат ба фарзандон аз муҳимтарин омилҳои пешрафт ва асоси инкишофи равонию ҷисмонии онҳо ба шумор меравад. Вақте ки фарзанд аз муҳаббати волидайн маҳрум гардад, каҷрафтор ба воя мерасад, бо дигарон ҳамкорӣ намекунад.
Мо, омӯзгорон, кӯшиш менамоем, ки дар тарбияи хонандагон роҳи дурустро интихоб намоем, зеро хонанда, ба масал, оҳанпораест, ки ба дасти оҳангар меафтад. Оҳангар тамоми ҳунари худро барои аз ин оҳанпора сохтани маҳсулоти ба ҷомеа лозима сарф менамояд.
Муаллим мутасаддии амалигардонии мақсаду мароми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад. Аз ин рӯ, омӯзгорони мактаб кӯшиш менамоянд, ки дар таълиму тарбияи хонандагон фаъолияти босамар дошта бошанд. Дар саршавии ҳар соли хониш мо ҳар як хонанда ва падару модаронро бо “Оинномаи мактаб” шинос мекунем, вазифаҳои соли хониш, талаботи мактаб ва риояи қатъии онҳоро пешниҳод ва муҳокима менамоем ва иҷроиши онро назорат мебарем.
Дар тарбия ва дониш андухтани фарзандон омӯзгор ва волидайн аз қаҳру ғазаб бояд истифода накунанд, зеро ин дар таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад.
Дар тарбияи фарзанд аслан падару модар бештар масъуланд, чунки фарзанд ҳамагӣ 4-5 соат дар назди муаллим буда, боқимонда вақташро дар назди волидайн мегузаронад. Онҳое, ки вазифаи тарбияро танҳо ба дӯши муаллим ва мактаб мепартоянд, хатои бузург мекунанд.
Мо, омӯзгорон, бояд ҳамеша бо волидайн ҳамкории зич дош-та бошему дар тарбияи хонандагон бетараф набошем.
Хусусан, кор бо падару модаронро ҷиддитар ба роҳ монем, бо онҳо алоқаи мустаҳкамтару ҳамешагӣ дошта бошем, то ки дар тарбия комёб бошем.
Ҳар як роҳбари синф, ҳар як муаллим бояд бикӯшад, ки вобаста ба самти фаъолияташ хонандагонро ба худшиносӣ, худогоҳӣ ва дӯстдори Ватан будан ҳидоят намояд.
Манзура Юнусова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр