Нашрияи Омӯзгор

Шӯрои методӣ бояд фаъол бошад

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Шӯрои методӣ воҳиди сохтории муассисаҳои таълимӣ буда, бо мақсади расонидани ёрии таълимию методӣ ба иттиҳодияҳои методӣ дар татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи маориф, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва кадрҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ ташкил карда мешавад ва дар амалӣ шудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Оинномаи муассисаи таълимӣ»  ҳиссагузор аст. Мақсади асосии Шӯрои методӣ батанзимории корҳои методӣ, беҳтаршавии мазмуни таҳсилот, ташкилу мураттабсозӣ ва расмӣ кунонидани барномаҳои озмоишӣ, маводи методӣ, нақшаҳои тақвимии иттиҳодияҳои методӣ ва нақшаҳои таълимии муассиса мебошад. Барои таҳияи дурусти нақшаи ҷамъомадҳои Шӯрои методӣ сараввал кору фаъолияти яксолаи Шӯро (корҳои ташкилӣ, чорабиниҳо доир ба баланд бардоштани сифати таълим, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва паҳн намудани он) бояд пурра таҳлил карда, проблемаҳо ва вазифаҳои соли таҳсили сипаришуда аниқ  муайян карда шаванд. Дар асоси проблемаҳо ва вазифаҳо раиси Шӯрои методӣ нақшаро таҳия карда,  онро дар байни аъзои Шӯро  муҳокима  мекунад. Тамоми низоми фаъолияти Шӯрои методӣ дар асоси нақшаи солонаи муассисаи таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Чун нақша муҳокима гардид,  дар ҷаласаи Шӯрои педагогии  №01, ки охири моҳи август баргузор мегардад,  мавриди тасдиқ қарор мегирад. Мувофиқи Низомномаи Шӯрои методӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-10-2013, №18/27 тасдиқ шудааст, Шӯрои методӣ ҷамъомадҳои худро дар 2 моҳ як маротиба мегузаронад. Шӯрои методии муассисаи таълимӣ дар баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии омӯзгорон мавқеи асосиро ишғол намуда, дараҷаи илмию методӣ, омӯзиш, таҳлили вазъи худомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар замони муосир дар асоси муносибати босалоҳият ва стратегияҳои педагогикаи иртиботӣ ба роҳ мемонад.  Шаклҳои фаъоли корҳои методии омӯзгоронро дар-ёфт карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо дар самти корҳои методӣ  ҳаллу фасл месозад, баҳри баланд бардоштани сифати таълим тадбирҷӯӣ мекунад. Мавқеи Шӯрои методӣ дар баланд бардоштани салоҳиятнокии омӯзгорони ҷавон низ хеле назаррас аст.  Агар Шӯрои методӣ дар муассисаҳои таълимӣ амал накунад ё сатҳӣ амал кунад, корҳои методӣ, корҳои роҳбарони иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ  дар муассиса бесамар мегардад.  Ҳар як раиси  Шӯрои методии муассисаҳои таълимӣ дар  дуруст таҳия намудани нақшаи фаъолият, босифат гузаронидани ҷамъомадҳо ва дар баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии омӯзгорон диққати ҷиддӣ бояд зоҳир намояд.

 

Бахтовар

Давлатқадамов,

директори мактаби

№17-и ноҳияи Рӯшон, Аълочии  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш