Нашрияи Омӯзгор

Оила нахустзинаи тарбия аст

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Хонавода аз нигоҳи арзишгузории фалсафаи иҷтимоӣ чун давлат аст, аммо давлати кучак. Бояд донист, ки ҳамин давлати кучак, яъне, хонавода давлат аст дар шакли хурд ва ба худ хос.

Бинобар ин, инсоне, ки дар муҳити хонаводагияш давлати кӯчаки хешро роҳбарӣ карда метавонад ва дар роҳи ба саодат расонидани шаҳрвандон ва раияти ин давлати кӯчак, яъне, фарзандони хонаводааш гомҳои устувор ва ҷиддӣ гузошта метавонад, ӯ дар хориҷ аз марзу буми давлати кӯчаки худ - хонаводааш метавонад аз ҷониби роҳбарони дигар давлатҳои кучаки ҳамсони ӯ, яъне, дигар хонаводаҳо ва ниҳоятан, дар ҷомеа мавриди эҳтиром ва иззат қарор бигирад.  Дар ҳолати акс, инсоне, ки дар роҳбарии давлати кӯчаки худ ба нокомиҳо бархӯрд мекунад ва дар роҳи ба саодат расидани раият ва шаҳрвандони давлати кӯчаки худ гоми ҷиддӣ гузошта наметавонад ва тарбияву нигоҳдории фарзандони худро кори саҳлу осон мепиндорад, вай дар муҳити ҷомеа ва дар муносибат бо дигар давлатҳои кучаки ҳамсони худ, яъне, дигар оилаҳо номуваффақ мегардад. Ҳар давлат, албатта, мехоҳад бо давлате муносиботи ҳасана ба роҳ монда, бо он қарордодҳо бандад, ки муҳиташ орому осуда бошад, шаҳрвандони он аз роҳбарони худ ризо бошанд ва дар он давлат муҳити солим ҳукмфармо бошад. Дар давлатҳои кучак – оилаҳо низ вазъ тақрибан чунин аст ва муносибатҳои дутарафа чунин сурат мегиранд. Агар сарварони ин давлатчаҳо бо раияти худ муносиботи солим надошта бошанд ва дар рушду инкишофи ахлоқии афроди оилаи худ кӯшишҳои собитқадамона накарда бошанд, сарварони дигар давлатҳои кӯчак намехоҳанд бо онон муносиботи байнидавлатӣ, яъне, байнихонаводагиро ба роҳ монанд ва бо онҳо риштаи дӯстӣ, яъне, хешутаборӣ бубанданд. Пас, бибояд донист, ки барои пойдории ин давлати кучак, ки номаш оила ё хонавода аст ва зиёд кардани аҳолии ин давлат, яъне, давом додани насли хонавода, аввалан, дастгоҳ ва девони ин давлати кучакро бояд ба танзим даровард, ки иборатанд аз аҳли оила, яъне, волидайн – падару модар ва фарзандону наберагон.

Дастгоҳи як оила агар дорои танзими шоиста бошад ва маъмурони он дар роҳи назорат аз болои кормандони дастгоҳи мазкур кӯшиши сазовор карда тавонанд ва дар роҳи ин назорат, ки номаш тарбия аст, тамоми ҷиддиятро ба роҳ монда тавонанд, дигар давлатҳои кӯчак хоҳиши додугирифт ва бастани қарордодҳоро бо он пайдо мекунанд ва тавассути ин қарордодҳои байнидавлатӣ, ки номаш ақди никоҳ аст, насли тарафайн зиёд мегардад. Насли ҳар оила ва умуман, ҷомеа бо роҳи муносиботи солимона аз нестшавӣ эмин мемонад ва омили асосии пайдо намудани ҳамин муносибот, пеш аз ҳама, масъулияти падару модар ва баъдан, муҳити берун аз хонавода, хусусан, мактабу донишгоҳ ва дигар муассисоте хоҳанд буд, ки фарзандони он хонавода дар онҳо ба шуғле маъмур мегарданд. Аммо дар сархатти ҳамаи муносиботи сиёсии давлатҳои кучак – хонаводаҳо масъулияти падару модар хоҳад истод. Зеро инсон, қабл аз ҳама, чун аввалин бор чашми худ боз мекунад, чашмонаш ба волидайн ва ҳамхонаводаҳои худ меафтад. Нахустин муносиботи байнишаҳрвандӣ дар ин давлати кӯчак миёни шаҳрвандони асосӣ – падару модар, хусусан, модар ва баъдан, бо дигар шаҳрвандон – бародарон, хоҳарбузургон сурат мепазиранд. Аввалин аломатҳои тарбия тавассути шири модар ва суханҳои дӯстдоронаи падар дар рӯҳу равон ва ақлу хиради шаҳрванди кучактарин – тифл нақш мебанданд, яъне, аввалин марҳалаҳои тарбия оғоз меёбанд. Олимон исбот намудаанд, ки тарбия аз шири модар ва гаҳвора манша мегирад.

Падару модар нахустин ва пурмасъулияттарин касонеанд, ки тарбияи фарзандон ба онон робитаи мустақим ва бевосита дорад. Чигунагии сарнавишти фарзандон, пеш ва беш аз кулли дигар инсонҳо, бо падару модар алоқаманд аст.

Агар кӯдак дар муҳити хонаводагӣ тарбияи шоиста бигирад, дар муҳитҳои минбаъдаи худ – боғчаҳои бачагона, мактаб, донишгоҳ ва коргоҳе, ки баъдан ба он робита пайдо менамояд, барои масъулони ин муассисаҳо мушкилотро ба бор намеоварад ва сабаби нооромии онҳо ва муҳити онҳо нахоҳад гашт.

 

Фарзона Асадуллозода,

мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони №124-и

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш