Нашрияи Омӯзгор

Шарафбахшу самаровар

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Ҳастии инсон ва фаъолияташ бо меҳнати пурсамари ҳамешагӣ пайванд мебошад. Маҳз тавассути меҳнат одамон ташаккул меёбанд, зиндагии осоиштаи худро таъмин месозанд ва маишати ҳамарӯзаи худро ташкил менамоянд. Зиндагӣ бо меҳнат асос ёфтааст ва он ба кас солимӣ, сарбаландӣ ва хушбахтӣ ато мекунад. Пажӯҳишгарони соҳаи педагогика ду навъи меҳнатро муқаррар кардаанд: меҳнати фикрӣ (ақлонӣ) ва меҳнати ҷисмонӣ. Ҳар амале, ки тавассути ҳаракати узвҳои бадан ва неруи он ба сомон расонда мешавад, меҳнати ҷисмонӣ мебошад. Чунин навъи меҳнат бештар паҳн шудааст ва он бо меҳнати фикрӣ иртиботи қавӣ дорад. Ҳамбастагии меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ фаъолияти шахсро пурсамару сабук ва роҳатбахш мекунад. Масалан, агар кишоварз дар киштукор аз неруи ақлу фаросат кор набарад, заҳматаш натиҷаовару дилхоҳ намешавад. Ба меҳнати фикрӣ бештар олимону адибон, духтурону санъаткорон… машғул мешаванд. Ин гурӯҳ одамон ба инкишофи маънавияту фарҳанги аҳли башар мусоидат мекунанд. Бо дарназардошти ин ҳама, дар мактаб бояд ба тарбияи меҳнатии хонандагон аҳамияти махсус дод. Бояд, пеш аз ҳама, ба онҳо оид ба меҳнат ва самараю аҳамияти он маълумоти саҳеҳу таъсиргузор ироа кард ва таъкиду собит бояд намуд, ки меҳнат шараф аст, нишотбахши зиндагии мост. Мардум гуфтаанд, ки «меҳнат роҳат аст», аз он набояд ҳаросид. Агар мо зиндагии шоиставу осоишта ба сар бурдан хоҳем, бояд бо меҳнат гаравиши ҳамешагӣ дошта бошем. Тарбияи меҳнатии хонандагон аз оила сарчашма мегирад ва дар мактаб равнақ бахшида мешавад. Дар таълимгоҳ илова бар он ки ба меҳнати фикрӣ-омӯзиши пайваста машғул мегарданд, ба хонандагон дарси махсус – технология (таълими меҳнат) муқаррар карда шудааст. Илова ба ин, дар мактаб шогирдони мо дар корҳои ҷамъиятӣ, ободонӣ ва дар ҳашарҳо ширкат меварзанд, худро ҳам аз ҷиҳати фикрӣ ва ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ обу тоб медиҳанд. Ҳар қадар хонандагон ба меҳнат унс бигиранд, ҳамон қадар зиндагии файзбахшу пурнишоти худро дар оянда таъмин менамоянд.  Барои ҳар чӣ бештар пурсамар будани тарбияи меҳнатӣ омӯзгорон бояд аз усулҳои муассири таълиму тарбия бамаврид истифода баранд.

 

Хурсанд САФАРОВ,

омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш