Нашрияи Омӯзгор

Нашрияҳои соҳавиро мутолиа намоем

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Баҳри пурмазмуну шавқовар гузаронидани дарс муаллим бояд ҳамеша ба омӯхтани адабиёту сарчашмаҳои иловагӣ машғул шавад, зеро маводи китоби дарсӣ моҳиятан барои хонанда пешбинӣ шудааст.

Яке аз омилҳои тақвияти донишфизоӣ  барои омӯзгор ин худомӯзист.

Барои худомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии худ омӯзгорро зарур аст, ки аз воситаҳои ахбори омма истифода намояд. Хусусуан, мутолиаи ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Мактаб», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», нашрияи «Ҳомии омӯзгор»  ва чанде дигар судманду манфиатбахш мебошад.

Ман як тан омӯзгори собиқадори соҳаи маориф буда, таи 60 сол боз  ба шогирдон аз фанни география дарс мегӯям. Дар ин муддати тӯлонӣ худ низ ба мутолиаи ҳафтаномаю маҷаллаҳо шуғл меварзанд.

Набояд фаромӯш кунем, ки худомӯзӣ худафрӯзист.Омӯзгоре, ки пайваста меомӯзад, метавонад роҳи хонандаро дар ҷодаи илму маърифат мунаввар созад. Танҳо бо барномаи таълимӣ ва китоби дарсӣ қаноат кардану ба комёбӣ ноил шудан аз имкон берун аст. Омӯзгор бояд пайваста тарзи кор ва сабку шеваҳои таълимиро такмилу сайқал диҳад ва дар дарс аз асбобҳои аёнию-техникӣ мунтазам истифода барад.

Синфхонаҳои фаннӣ ташкил карда, онҳоро бо васоити аёнӣ муҷаҳҳаз гардонидан ҳам рукни дигари таъсиррасонии сифати дарсист. Алоқа ва муносибати худро бо падару модарон мустаҳкам намудан дар кори таълиму тарбияи фарзандон маслиҳатгари беҳтарин  мебошад.Маҳз бо ҳамин роҳҳо омӯзгор метавонад усули таълимро бо сатҳи дилхоҳи ҷамъият ташкилу сафарбар карда, дар кори донишомӯзии хонандагон саҳми арзанда гузорад.

Бисёр хабару мақолаҳои методии маҷаллаву нашрияҳои «Омӯзгор», «Маърифати омӯзгор»,»Маорифи Тоҷикистон», маҷаллаи «Мактаб», ки дар саҳифаҳои худ ба табъ мерасонанд, барои омӯзгорон муфиду судманданд.

Набояд фаромӯш кунем, ки тавассути истифодаи маводи матбуотӣ ҳар як дарси омӯзгор таъсирбахшу ҷолиб мегузарад ва омили васеъ гардидани ҷаҳонбинии хонандагон мегардад.

Саймурод Одинаев,

мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш