Нашрияи Омӯзгор

Инкишофи нутқ дар давраи омодагӣ ба мактаб

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Кӯдак чун дигар ашхоси ҷомеа дар муҳити муайян зиндагӣ мекунад. Муҳити ӯро иҳотакарда аз ашё, ҳодиса ва воқеаҳои гуногун иборат мебошад.

Нутқ ҳамчун воситаи фаҳмида гирифтани ҳамин воқеият ва ҳақиқати олами атроф аз кӯдак инкишофи муайяни ақлиро талаб мекунад, зеро истифодаи калимаҳои ҷудогона на танҳо дониши мушаххас дар бораи ашё, ҳодиса ва воқеаҳои ҷудогона, балки дарк карда тавонистан ва фаҳмида гирифтани алоқаи мавҷудаи байни ашёҳои ҳамин муҳит дониста мешавад. Аз ин рӯ, кӯдак баробари дидан, мушоҳида намудан ва омӯхтан, доираи муайяни калимаҳоро, ки тадриҷан зиёд ва фаъол шудан мегиранд, ба нутқи худ дохил мекунад.

Мусаллам аст, ки мақсаду вазифаҳои асосии таълиму тарбияи томактабӣ омода намудани кӯдакон ба мактаб маҳсуб меёбад ва зарурати фаъолгардонии истифодаи калимаҳо ва ба низом даровардани нутқ маҳз дар ҳамин давра ба миён меояд ва нутқе, ки кӯдак бо он ба мактаб меравад, аҳамияти иҷтимоӣ дорад. Аз ин ҷо боз вазифаи дигари ҷиддӣ ба миён меояд: нигоҳ доштан ва ҳифз кардани забони модарӣ.

Хушбахтона, ҳоло дар кӯдакистонҳои ҷумҳурии мо корҳои таълиму тарбиявӣ бо забони модарӣ ба роҳ монда шудаанд ва ин имкон медиҳад, ки аз зебоии забонамон, аз осори гузаштагонамон ва панду ҳикматҳои бузургонамон васеъ истифода намоем ва бо ин восита нутқи гуфтугӯии кӯдаконро ғанӣ гардонем.

Дар ин раванд мо бояд ба талаботи кӯдак, имкониятҳо ва хусусиятҳои психологии ӯ эътибори махсус диҳем. Ин яке аз омилҳои муҳими инкишофи шахсияти кӯдак мебошад.

Барои дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забони модарии кӯдакони синни томактабӣ аз роҳу усулҳое истифода бурдан лозим аст, ки асоси инкишофи нутқи кӯдакро ташкил медиҳанд. Яке аз чунин усулҳо алоқаманд гардонидани кӯдак бо раванди муошират ва муносибат бо одамони гирду атроф ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид кӯдак фаъолии табиии худро дар дарккунӣ ва фаъолият зоҳир менамояд ва шахси калонсол барои ӯ шароити мусоид фароҳам меоварад: кӯдакро ба фаъолияти якҷоя ҷалб мекунад, муҳити моддӣ ва забониро ташкил мекунад. Дар баробари ин, шахси калонсол барои ӯ ҳамчун намуна маҳсуб ёфта, дорои хусусият ва маҳорати нутқие бошад, ки кӯдак онҳоро аз худ кунад.

Ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани корҳо дар самти мазкур, ба андешаи мо, таҳияи дастури мушаххас ба манфиати кор мебошад, зеро ки ягона дастур барои кормандони боғчаи бачагона «Барномаи таълиму тарбия дар боғчаи бачагон» мавриди таҷдиди назар қарор нагирифтааст.

Аз ҷониби дигар, мувофиқи мақсад истифода бурдани асарҳои бадеии бачаҳо аҳамияти калони таълимию тарбиявӣ дошта, барои инкишофи нутқи мураттаби кӯдакон маводи фаровоне дода метавонад.

Дар ин раванд мураббӣ бояд ба меъёрҳои интихоби асарҳои бадеӣ дуруст сарфаҳм равад ва истифодаи самараноки онҳоро таъмин намояд.

 

С. НУРИДДИНОВА,

мураббӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш