Нашрияи Омӯзгор

Хусусиятҳои буҳронии давраи наврасӣ

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Аз нигоҳи илми психология наврасӣ яке аз давраҳои бисёр ҳассосу мураккаб маҳсуб меёбад, чунки дар ин давра наврасон инкишофи биологӣ, физиологӣ ва психологиро бо суръат аз сар мегузаронанд, дар ин замина раванди аз нав дигаргуншавии тамоми хусусиятҳои асосии шахсияти хонанда, махсусан, хусусиятҳои фардӣ-психологӣ ба тағйирёбии сифатӣ мубтало мешавад.

Дар бештари ҳолатҳо мушкилиҳои синну соли давраи наврасӣ бо инкишофи ҷинсӣ ё бо сабаби тамоюлҳои гуногуни психофизиологӣ ва психикӣ алоқаманданд. Афзоиши тезу тунд ва дигаргуншавии физиологии организм дар наврасон ҳиссиёти ташвишовар, ангезиши баланд ва рӯҳафтодагиро ба вуҷуд оварда метавонад. Аз ин рӯ, онҳо худро аз рӯйи номувофиқоии суръати афзоиши қисматҳои гуногуни бадан, нотавону ноуҳдабаро ҳис мекунанд. Натиҷаи чунин ҳиссиётҳо аз паст будани худбаҳодиҳӣ хабар медиҳад.

 Дар мавриди дигар, бештари наврасон ҳангоми тағйироти тезутунди ҷисмонӣ ва физиологиро аз сар гузаронидан, эҳсосоти субъективӣ ва устувории «Ман»-и худ дар онҳо хос аст, ки ин дар навбати худ қисми зиёди мушкилоти шахсии ӯро ба вуҷуд оварда, нишона аз баланд будани худбаҳодиҳӣ хабар медиҳад.  Дар ин замина, наврасон кӯшиш мекунанд, ки зери таваҷҷуҳи калонсолон қарор дошта бошанд.

Азбаски шарти асосии фаъолияти психологи мактабӣ – муносибати инфиродӣ мебошад, бинобар ин, ин шарт танҳо ҳангоми ба ҳисобгирии қонуниятҳои синнусолии инкишофи психикии наврас, бомуваффақият истифода шуда метавонад. Ҳар як мушкилоти бо шахсият ва рафтори наврас алоқамандбударо ҳал намуда, ҳамеша донистан зарур аст, ки он то чи андоза барои ин ва ё он давраи синну сол хос аст. Барои хуб гузаштан ва ягон нуқсону осеби равониву ҷисмонӣ нагирифтани наврасон дар раванди буҳронӣ, нақши волидайн ва омӯзгорон бузург ва калидӣ ба ҳисоб меравад, зеро онҳо бештари вақташонро дар муносибати байнишахсӣ бо наврас мегузаронанд. Муносибати ғайри қобили қабул ва ё нодурусти омӯзгор ва падару модар, наврасонро метавонад аз мактаб дур созад. Нақши муносибати омӯзгорро бо наврас ба назар гирифта, В.В. Гроховский ва пайравонаш қайд менамоянд, ки дар давраи буҳронии хонандагони синфҳои ибтидоӣ номутобиқшавӣ ба мактаб 5-8%-ро ташкил диҳад, дар наврасон 18-20%-и чунин ҳолатҳо мушоҳида мешавад. Боз ҳам мутобиқшавии хонандагон дар давраи буҳронӣ, дар мактаб аз муносибату муоширати омӯзгорон вобаста аст.

Албатта, ҳамаи наврасон ва калонсолон дар давоми фаъолияти ҳаётӣ бештари вақт бо монеаҳои ҷиддие вомехӯранд, ки дар рафти он ҳолатҳои манфии эмотсионалию бартарафнамоии душвориҳоро дар муносибат бо атрофиён аз сар мегузаронанд. Дар сурати ба ҳисоб гирифтани  хусусиятҳои фардию синнусолӣ ва маҳорати кофии педагогӣ, кор бо наврасон аз ҷониби омӯзгорон ва аъзои оила, на танҳо осон, балки фараҳбахш низ ҳаст, аммо дар сурати ба инобат нагирифтани хусусиятҳои зикршуда, ҳатто, омӯзгори моҳир низ бо чунин хонандагон ҳангоми ба роҳ мондани муошират ва муносибат душворӣ мекашад.

Пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки имрӯз дар мактаб ва оила муҳитеро ба вуҷуд овардан зарур аст, ки он аз шароитҳои вайронкунии шуур ва каҷрафторшавии наврасон озод бошад. Мактаб ва оила барои инкишофи шахсияти наврасон, имконияти муошират намуданро бо калонсолоне дода метавонад, ки аз онҳо имкони қабул кардани сифатҳои мусбӣ ва таҷрибаи мусбии иҷтимоиро пайдо мекунанд. Муошират бо одамони принсипҳои олии ахлоқидошта ва арзишу идеалҳои  гуманистидошта, метавонад муносибати наврасро ба рафтораш тағйир диҳад. Ин давраи синнусолӣ аз омӯзгорон ва аъзои оила ҳангоми муносибат бо наврасон, меҳрубонию таҳаммулпазириро талаб мекунад.

Зафар ҚАЮМОВ,

муҳаррири идораи  барномаҳои сиёсии

“Телевизиони Тоҷикистон”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш