Дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев озмуни “Ҳафтаи хобгоҳ” аз рӯи шартҳои ҳуҷраи беҳтарин, шоҳмотбози беҳтарин, тениси рӯимизӣ, кадбонуи моҳир ва шеъри беҳтарин баргузор гардид.
Озмуни “Зуҳури зеҳн” ҷолибтар буда, донишҷӯёни хобгоҳи аввал бо номи “Комёб” бар тими хобгоҳи дуюм “Бадахшон” бо бартарияти 754 хол ҷойи аввалро соҳиб шуданд.
Ғолибон аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Ҷ. Қозибеков,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр