Нашрияи Омӯзгор

35 сол дар хизмати  забономӯзон

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Бо вуҷуди тағйироти ҷиддӣ дар фазои сиёсии ҷаҳон забони русӣ мавқеи хоси худро ҳаргиз аз даст надодааст ва ҳамоно яке аз забонҳои тавонову бавусъати дунё шинохта мешавад.

Дар паҳнои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ нақши забони муоширати байни миллатҳоро мебозад ва ба таври васеъ омӯхта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин забони маъруф тибқи барномаи таълимӣ дар тамоми мактабҳо мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар омӯзиши ҳама гуна забонҳо, аз ҷумла, забони русӣ мавқеи луғатномаҳо хеле муҳиму барҷаста аст. Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистон нимаи аввали асри 20 ба таҳияи луғати дузабонаи русию тоҷикӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ҳанӯз солҳои 1933-1934 нахустин луғати русӣ ба тоҷикӣ дар ду ҷилд аз ҷониби гурӯҳи муаллифон таҳия ва нашр шуд, ки ба ин гурӯҳ устод С.Айнӣ роҳбарӣ мекард. Албатта, ин луғат чун таҷрибаи аввалин аз як  қатор норасоиҳо (зиёд  истифода шудани калимаҳои лаҳҷавӣ, архаизмҳо, аз он дур мондани чанде аз истилоҳоту вожаҳои  зарурӣ…) холӣ набуд. Аз ин рӯ, дере нагузашта, зарурати мураттабсозии луғатномаи нав ба миён омад. Соли 1949 луғати дигари русӣ ба тоҷикӣ зери таҳрири А.Деҳотӣ ва Н.Н.Еришов ба табъ расид, ки 45 ҳазор калимаро тафсир мебахшид. Ин  луғат ҳам чандон мукаммалу фарогир ва созгор ба талаботи доираи васеи хонандагон набуд. Ниҳоят, соли 1985 дар Тоҷикистон  ҳодисаи муҳиму мондагори фарҳангию илмию адабӣ ба  вуқӯъ пайваст: китоби бузурги «Луғати русӣ-тоҷикӣ» ба нашр расид, ки беш аз 72 ҳазор калимаро дар бар мегирифт (зери таҳрири академик М.Осимӣ). Ба он дар заминаи руҷӯъ ба «Луғати забони русӣ»-и С.И.Ожегов, «Луғати муфассали забони русӣ» (зери назари Д.Н.Ушаков), «Луғати забони русии АИ ИҶШС» (дар чор ҷилд) ва чанд луғатномаи бонуфузи замон лексикаи асосии забони муосири рус, таъбирҳои устувор, идома ва истилоҳоти серистеъмол ворид гардидааст. Моддаҳои луғавӣ бо ишороти грамматикӣ таъмин шудаанд. Барои шарҳи маъноҳои моддаҳои асосии луғавии таркибҳои серистеъмол, ибораҳои устувор, зарбулмасал ва мақолҳои русӣ бо тарҷумаи тоҷикиашон ба кор бурда шудаанд. Чун тарҷумаи баъзе вожаҳо, махсусан, истилоҳоти илмию техникӣ кори басо мураккаб аст, муаллифони луғат дар баъзе ҳолатҳо дар такя ба хусусиёту табиати забони тоҷикӣ ва таърихи он як силсила калимаҳои нав офаридаанд.

«Луғати  русӣ –тоҷикӣ» дар нашриёти «Русский язык»-и шаҳри Москва бо теъдоди 100000 нусха ба нашр расид. Ин луғат дар баробари хусусиятҳои дигараш собит намуд, ки забони тоҷикӣ хеле ғановатманд, тавоно ва устувору дорои имконоти бузургест. Дар охири луғат «Рӯйхати номҳои географӣ», «Рӯйхати аббревиатураҳо» ва калимаҳои мураккаби ихтисоршуда бо шарҳи русии онҳо ва бо тарҷумаи тоҷикашон оварда шудааст.

Инак, 35 сол мешавад, ки китоби калонҳаҷму пурғунҷоиши «Луғати русӣ-тоҷикӣ» дар хизмати мардуми Тоҷикистон, аҳли илму адаб қарор дорад. Акнун вақти он фаро расида, ки дар асоси талаботи замони истиқлол луғатномаи нави русӣ ба тоҷикӣ таҳия ва нашр шавад.

 

Татяна Гайнутдинова,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш