Нашрияи Омӯзгор

Оби ватан ширин аст

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки ба Сарвари муҳтарами Тоҷикистони мо тааллуқ дорад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  дастгирии комил ёфт.

Воқеан, об яке аз 4 унсури муҳими табиат ва сабаби ҳастии кулли мавҷудиёти оламу одам аст. Мо мардуми Тоҷикистон, аз он хушбахтем, ки дар саргаҳи оби равон зиндагӣ менамоем. Ватани мо дорои пиряхҳои фаровон, кӯлҳои гуногунҳаҷм ва даҳҳо ҳазор чашмаҳои шифобахшу маъданӣ мебошад. Обҳое, ки аз қаъри кӯҳҳои сарбарфалаккашидаи мо фаввора мезананд, на танҳо мардуми сарзамини худамон балки заминҳои Ӯзбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд.  Тоҷикистони азизи мо дорои ҳамин гуна неъмати бузургест ва бояд мо ин сарвати бебаҳоро тоза нигаҳ дорем. Ба гуфтаи Сарвари кишварамон, “арзиши об аз нафту газу ва анвои дигари сӯзишворию захираҳои энергетикӣ болотар аст”.

Дар баъзе гӯшаҳои Тоҷикистон мардум чунин савганд мехӯранд: “Савганд ба об мехӯрам, ки рӯйи Парвардигорро дидааст”. Ва ба ҳамин маънӣ дар китоби «Авасто» омадааст: “Ва рӯҳи Худо ба рӯи об дар парвоз буд”. Тамоми адёни дунё обро ҳамчун рамзи покӣ дониста, дар об афкандани ҳар гуна ифлосиҳо мамнуъ мешуморанд.

Мавзӯи об дар адабиёти классикӣ ва муосир ҷой ва мақеи вижаро бархӯрдор аст. Оғоз аз осори устод Рӯдакӣ  то шоирони имрӯз об ба сифати волотарин ва муҳимтарин омили ҳаётӣ васф гардидааст.

Бояд гуфт, ки об ва рушди устувор омилҳое ҳастанд, ки барои тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишварҳо заминаи муҳим ба вуҷуд меоваранд. Фаромӯш набояд кард, ки тозагии об гарави саломатии мардум аст. Аз ин рӯ, набояд обро олуда  намуд,  барои покизагии он бояд кӯшид.

Сарчашмаи оби нӯшокии тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ оби дарёҳои Тоҷикистон аст. Дарёҳои бузурги кишвари мо, ки ба шарофати онҳо Тоҷикистони азиз ба ҷаннати рӯи замин шабоҳат ёфтааст, дар чор фасли сол равону файзбахшанд.         

Мартаба МУХТОРОВА,

омӯзгори мактаби №95-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш