Нашрияи Омӯзгор

Ҳаёташ ибратомӯз буд

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Олими шинохта, педагоги варзида ва марди заҳматкаш Ҷангӣ Назаров  74 сол умр дид ва ҳаёташ хеле бобаракат буд.

Соли 1974 Ҷангӣ Назаров баъди хатми аспирантура ба Институти давлатии педагогии Кӯлоб ба сифати муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ба кор омад ва солҳои 1975-1983 сарварии ин кафедраро ҳамчун номзади илмҳои техникӣ, дотсент ба уҳда дошт. Дар давраи мудирӣ ва декании ӯ пешравиҳо дар корҳои илмӣ-тадқиқотии факулта баръало равнақ ёфтанд. Худи ӯ ба навиштани рисолаи докторӣ боғайратона камари ҳиммат баста буд. Дар хоҷагиҳои ҷамоавии «Правда»-и ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ва ба номи С.Зарифови ноҳияи Кӯлоб оид ба «Нурборонкунии лазерии чигити тухмӣ» бо мақсади баланд бардоштани ҳосили пахта ва барҳам додани касалии «Вилт» кори тадқиқотӣ мебурд. Солҳои 1981-1984 ва минбаъда оид ба ин мавзӯъ чандин мақолаи илмии ӯ дар саҳифаҳои маҷаллаҳои бонуфузи Тоҷикистон ва собиқ ИҶШС – «Хлопководство» (Москва), «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Известия АН Таджикистана», «Комплекси агросаноатии Тоҷикистон» ва ғайраҳо нашр шуданд.

Ҷангӣ Назаров марди ботаҳаммул ва хоксор буд. Корҳои илмии таълифнамудааш барои ҳимояи рисолаи докторӣ кифоя буданд, вале ӯ шитоб намекард, ором буд, зеро аз ҷиҳати моддӣ дасткӯтоҳӣ дошт. Ҳатто оид ба таъсири нурҳои лазерӣ ба чигити тухмӣ дорои ду патенти ИҶШС буд, ки ин гуна комёбӣ ба ҳар кас муяссар намегардид. Аз муваффақиятҳояш ҳеҷ гоҳ ҳавобаландӣ ва худнамоӣ намекард. Ӯ солҳои минбаъда боз ба ду гувоҳномаи ихтироот мушарраф гашта буд. Аммо ин ҳама комёбиҳояш аз чашмҳо дур монданд.

Ҷангӣ Назаров умед ба он мебаст, ки рӯзи саид, фатҳи қуллаҳои илм ба ӯ муяссар мегардад ва он рӯз чандон дур нест. Вале умр вафо накард...

…Солҳои минбаъда Ҷангӣ Назаров дар вазифаи дотсенти кафед-раи физикаи назариявӣ кор кард. Дар ин солҳо ӯ дар тадқиқоти илмӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гашта буд. Мисли солҳои пешин мақолаҳояш дар маҷаллаҳои марказӣ (ш.Москва) чоп мешуданд.

Солҳои 1973-1980 вазифаи  ректории  Донишкадаи давлатии педагогии Кӯлобро  номзади илмҳои иқтисодиёт И.Д.Хушвахтов (рӯҳаш шод бод!) ба уҳда дошт. Ҳангоми роҳбарии ӯ донишкада на танҳо дар соҳаи тадқиқотҳои илмӣ, балки дар ташкили шароити меҳнат, маишат ва истироҳати донишҷӯён дар байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои сазоворро ишғол мекард. Аз ин рӯ, ҳар сол дар байни факултаҳои донишкада  чорабинии фарҳангӣ таҳти  унвони  «Бӯстон» гузаронида мешуд. Банда солҳои 1972-1973,    1976-1981 факултаи математикаро сарварӣ мекардам. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни факулта ҳама сол ғолиб омада, сазовори ҷои аввал мегаштанд.

Солҳои 1993-1997 солҳои ҷанги шаҳр-вандӣ… Солҳои вазнин дар ҳаёти Ҷангӣ Назаров. Фарзандонаш Санавбар, Муътабар, Моҳсафар, Сабоҳат, Дилбар, Меҳрубон ва Шаҳноза ҳанӯз хурд буданд. Дар ин рӯзҳои душвор ӯ ҳаргиз ноумед нашуд, ба фарзандонаш ғамхорӣ мекард. Ҷигарбандонаш ҳар чӣ метавонистанд ва аз уҳдааш мебаромаданд, падарашонро дастгирӣ менамуданд. Ҳамин тавр, онҳо аҳлона аз ин вазъияти ногувори зиндагӣ худро раҳониданд.

Соли 1996 Ҷангӣ Назаров ҳамчун мутахассиси пешбари Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе рафт ва баъдан то солҳои охири ҳаёташ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмиашро идома  дод.

Ҷангӣ Назаров ҳамчун олим ҳаёти ибратомӯзро аз сар гузаронид. Ӯ бо бовиҷдонӣ, некхоҳӣ ва илмдӯстиаш намунаи ибрати ҳамкорон буд. Ман аз он ифтихор дорам, ки бо Ҷангӣ Назаров қариб ним аср дӯст ва рафиқ будем, паҳлу ба паҳлу кору зиндагӣ кардем,  гарму сарди рӯзгорро бо ҳам дидем…

 

Ислом ҒУЛОМОВ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Ходими шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш