Инсон ҳамчун омили таъсиркунандаи антропогенӣ дар натиҷаи фаъолиятҳои гуногуни хеш ба табиат ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.
Махсусан, дар натиҷаи буридани дарахтон ва ба сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ истифода бурдани онҳо, ба гуногунии биологӣ хисороти калон ворид намуда, боиси кам гаштани ҷангалҳо дар саросари сайёра мегардад. Камшавии майдони ҷангалҳо, эрозияи замин, ғализшавии ҳаво, ифлосшавии обҳо махсусан, дар асри гузашта бештар мушоҳида гашт, ки ин ҳолат дар ҳудуди Тоҷикистон низ давом кард ва таъсири манфии хешро ба муҳити зист расонд. Бинобар ин, дар Тоҷикистон соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи растаниҳо» қабул карда шуд ва соли 1988 бошад, Китоби сурхи Тоҷикистон ба табъ расид, ки дар он оид ба 226 номгӯй намудҳои азбайнрафтаи набототу ҳайвонот маълумот дода шудааст.
Олами ҳайвонот дар Тоҷикистон низ гуногунрангу бой мебошад, ки яке аз бахшҳои асосии гуногунии биологӣ ба шумор меравад. Миқдори умумии ҳайвонот (фауна) бештар аз 13531 намудро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон миқдори умумии набототу ҳайвонот бештар аз 23302 намудро ташкил медиҳад, ки ин гуногунии бебаҳои биологии мамлакатро ташкил медиҳад. Ҳоло яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки дар назди Ҳукумати Тоҷикистон ва сокинони мамлакат меистад, ин ҳифз намудани гуногунии биологӣ дар саросари кишвар мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1997 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳидро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ имзо намуда, уҳдадор шудааст, ки дар ҳудуди мамлакат масъалаи ҳифз намудани ин гуногунии биологиро таъмин намояд. Хатари буҳрони глобалии экологӣ дар асри гузашта ва давом ёфтани он дар асри нав, ҳамаи мамлакатҳои дунё ва сокинони сайёраро водор месозад, ки барои ҳифзи гуногунии биологӣ аҳамияти зарурӣ дода шавад, чунки гуногунии биологӣ яке аз манбаъҳои асосии ба даст овардани маводҳои хӯрокӣ, пӯшок, доруворӣ ва нӯшокии одамон ба ҳисоб рафта, дар ҳифзи муҳити зисти одамон, наботот ва ҳайвонот нақши калонро иҷро менамояд. Бинобар ин, баҳри нигоҳ доштан, зиёд кардан ва ҳифзи гуногунии биологиву агробиологӣ бояд тамоми давлатҳо ва сокинони сайёра дар якҷоягӣ кӯшиш ва талош варзанд.
Латофат МУРОДАЛИЕВА,
омӯзгори мактаби №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр