Нашрияи Омӯзгор

Табиатро табобат ҳам бибояд

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон, аз ҷумла, иброз доштанд: “Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ , дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020- 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Аз қадимулайём инсон қонунҳои табиатро омӯхта, онро ба худ тобеъ гардондааст. Дар китоби “Авасто” омадааст:”Худованд замин, осмон, моҳ, хуршед офаридаву ба дасти инсон супоридааст”.

Аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиат, муҳофизати олами ҳайвоноту наботот вазифаи ҳар як шаҳрванд ва қарзи ватандории мост.

Инсон ва табиат ҷузъи аз ҳам ҷудонашвандаанд ва бе ҳамдигар будан наметавонанд. Агар муносибати инсон ба табиат оқилона ва ғамхорона бошад, ҳатман муҳите, ки зиндагӣ мекунад, тозаву озода буда, аз ҳавои мусаффо нафас мекашаду оби ширин менӯшад. Аз ин рӯ, табиати ватанро дӯст дошт ва кӯшиш бояд кард, ки осебе ба он нарасад.

Табиат мекунад моро табобат,

Ки бошад зиндагӣ зебову роҳат.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бештар вазифадоранд шогирдонашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ки як ҷузъаш эҳтироми муҳити зист, яъне табиат аст, тарбия намоянд.

Омӯзгор бояд пайваста аҳамияту моҳияти ҳифз намудани ҳар як гулу гиёҳу дарахт, тоза нигоҳ доштани синфхонаро ба онҳо бифаҳмонад, то шогирд ҳамеша ба ёд бигирад, ки ниҳолу гулу рустаниҳоро бояд ҳам дар мактаб ва ҳам дар хонаву кӯчаву хиёбонҳои шаҳри зебоямон ҳифз кард, зеро гулу буттаву дарахтонанд, муҳити зистро сабзу хуррам мегардонанд, ки боиси болидагии рӯҳи инсон ва солимии ӯ мегардад.

 Ҳар қадар кӯдак аз моҳияти ҳифзи муҳити зист огоҳ бошад, ҳамон қадар ҳам дар мактаб ва ҳам дар хонаводааш кӯшиш мекунад, ки дар як муҳити тозаву озода кору зиндагӣ намояд, обро сарфа мекунаду мизи дарстайёркуниашро тоза нигоҳ медорад.

Тоҷикистон соҳиби табиати зебо ва сабзу хуррам аст ва ҳар яки моро мебояд, ки  аз ин сарватҳои бебаҳо самаранок истифода намоем. Аз ин лиҳоз, ман ҳамчун омӯзгори синфи ибтидоӣ масъулам, ки ба шогирдонам ҳар чӣ бештар маърифати экологиро биомӯзонам.

Имрӯз шаҳри Душанбе ба гулистоне мемонад ва мо хушбахтем, ки дар “Шаҳри гулҳо” зиндагӣ мекунем. Ман баъзан шогирдонамро барои тамошо ба боғҳои зебои шаҳр мебарам ва дар хусуси ҳар гулу гиёҳ бо онҳо суҳбат намуда, аҳамияти дарахтони сояафкану гулҳои ороиширо барояшон мефаҳмонам. Ва ба ин восита дар қалби кӯчакашон ҳисси масъулият ва зебопарастиву ватанпарастӣ ва дӯст доштани табиатро аз кӯдакӣ ҷой медиҳам.

 

Мунаввара Мамадкаримова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш