Нашрияи Омӯзгор

Сарзамини биҳиштосо

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, муаррифии мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 дар кишвар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шаванд.

Дар ин росто, аз ҷониби соҳибкорон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сохта ба истифода додани меҳмонхонаҳо, таъмири роҳу пулҳо, чорабиниҳои дигар роҳандозӣ мегарданд. Бадахшон бо зебоии табиии нотакроре, ки дорад, яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии ҷаҳон мебошад. Кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои мусаффо ва муолиҷавӣ, олами набототу ҳайвоноти ин мавзеъ кайҳо боз таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Дар Бадахшон барои сайёҳон имконияти пешниҳоди чунин равияҳои манфиатбахши туристӣ мавҷуданд:

а) туризми экологӣ: тамошои кӯлҳои зебои Сарез, Суманкӯл, Турумтайкӯл, Зоркӯл;

б) кӯҳнавардӣ – алпинистӣ: фатҳ намудани кӯҳҳои  осмонбӯс;

в) саёҳати атомобилӣ ба ҷойҳои таърихӣ ва дилнишину зебо;

г) истироҳат ва табобат дар табобатгоҳҳои номӣ: Гармчашма, Авҷ, Челондеҳ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Бобоабдол, Кук;

ғ) саёҳати этникӣ…

Дар Бадахшон 71 чашмаи минералӣ мавҷуд аст, ки 28-тояшон оби гарм ва 40-тояш оби хунук доранд. Яке аз чашмаҳои гарму шифобахш Кавк ном дорад, ки дар деҳаи Бадчори ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст. Ҳарорати оби ин чашма 60-70 буда, ба касалиҳои пӯст, гурда ва дарди буғум шифо мебахшад.

Табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа, воқеан ҳам, сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Солҳои рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Амалӣ намудани ҳадафҳои тадбири мазкур дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардумро беҳтару хубтар гардонад. Мо, омӯзгорон, дар баробари тарбияи насли наврас,  омӯзиши пайваста, аз худ намудани илму технологияи муосир ва ба шогирдон додани илму дониш бояд масъулиятро дар заминаи самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мактабу маориф ба роҳ монем ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагони баруманди миллати хеш бошем.

Сафиябону Азизова,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш