Нашрияи Омӯзгор

Як роҳи ташаккули фикр

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир хонандагон аз саволҳои  тестӣ, ки маҷмӯи  донишҳои  андухтаи  шогирдонро ҷамъбаст менамояд, ба таври васеъ истифода мекунанд. Муаллимон ва шогирдони ҳар як зинаи таҳсилот ба он одат кардаанд.

Дар таълими мавзӯъҳои  химия ман аз ин усул бамаврид истифода мебарам. Ҳангоми тартиб додани саволҳои тестӣ аз талабагони фаъол истифода мебарам. Шогирдони хубу миёнхонро  ҳидоят менамоям, ки дар баррасии  саволҳо аз қайди камтаваҷҷуҳӣ  берун оянд ва саволҳои  тартибдодаи худро пешкаш намоянд. Ин талаб маънои  онро  дорад, ки  хонандагон мувофиқи  фаҳмишу идрокашон  савол  тартиб медиҳанд ва аз ҷавоби  мукаммали ҳамсинфони фаъол савияи  дониши хешро  мустаҳкам  мекунанд. Ман гоҳо илова менамоям ё баҳои  шогирдонро  ҳакамӣ мекунам.

Ба хонандагон оид ба  мавзӯи  дарси минбаъда:  «Об – ҳалкунанда. Маҳлулҳо» (дар синфи ҳаштум) аз рӯи китоби дарсӣ  (саҳифаи 116-124) вазифаи хонагии пеш аз муҳлат  месупорам, то онҳо мавзӯъро мустақилона хонанд ва омода ба  ҷавоб бошанд. Ин амал боиси  он мегардад, ки хонанда мавзӯъро хонад, то  ба саволномаи тестие, ки пешниҳод мегардад ҷавоб гӯяд, дониш гирад, масъуляит дар иҷрои  ҳалли супориш дошта бошад. Бо ин ният чунин саволномаи  тестӣ барои ҳалли як мавзӯъ ва фаҳмиши он омода мекунам:

1. Таърифи зерин ба чӣ тааллуқ дорад?

А) Ҳаво Б) Даҳани фаранг В) Маҳлул 

2. Маҳлули суспензӣ дар кадом ҷавоб ҷо гирифтааст?

А) Шир, хуни ҳайвонот

Б) Оҳакоб, оби бо гил омехташуда

В) Ширеши коғаз, тухми парандаҳо  

3. Қанд ба кадоме аз ин гурӯҳҳо  мансуб аст?

А) Нағзҳалшаванда Б) Камҳалшаванда В) Амалан ҳалнашаванда

4.Барои ҳосил кардани маҳлули  20% 50г обро бо чанд грамм маҳлули 28% илова кардан лозим  аст?

А) 85 Б) 95 В) 100.

Маводҳои китобҳои дарсӣ  ба омӯзгору хонанда дастрасанд. Барои хонандаро ба китобхонӣ ҷалб намудан муаллим вазифадор аст, ки  аз усулҳои гуногун, аз ҷумла, аз саволҳои тестӣ истифода намояд.

Албатта, муаллим заҳмат мекашад, саволҳоро интихоб менамояд, дигар мекунад, ҷойи аъзоҳои ҷумларо тағйир медиҳад, мазмунро  такмил мебахшад, то шогирдон аз 5-6 саҳифа шарҳи  як мавзӯъ мағзи  онро фаҳманд. Бо фоиз ҳисоб карданро ёд гиранд, вожаҳоро бо маънояш дарк кунанд. Тӯтивор донистан мушкилӣ пеш меорад. Фаҳмиши  амиқ ба ёфтани  ҷавоби  дурусти саволномаҳои тестӣ мадад мерасонад.

Тӯймо ЛАТИФОВА,

омӯзгори мактаби №50,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш