Нашрияи Омӯзгор

Биёед, “ҳамроҳ бихонем”

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Дар дастури методии лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” калима ва истилоҳоти соҳаҳои алоҳидаи илм, хусусан, илмҳои педагогика, психология ва забони тоҷикӣ истифода шудаанд, вале на ба ҳама фаҳмою равшананд. Мехоҳем, ки ба якчанд ибораву истилоҳоти душворфаҳм равшанӣ андозем.

Асбобҳои аёнии таълим – тасвири сатҳ ё ҳаҷми ашё, ҳодисаҳо, ҷисмҳои табиат ва истеҳсолот ба мақсади дар раванди таълим нишон додан тайёр карда мешавад. Асбобҳои аёнии таълим дар қисматҳои  гуногуни  таълим: дар вақти баёни маводи нав, такрори мавод ва санҷиши дониши хонандагон, инчунин, дар корҳои берун аз синф истифода бурда мешавад. Асбобҳои аёнии таълим бояд ба мазмуни маводи барномаи таълим, китобҳои дарсӣ, ба синну соли хонандагон мувофиқ ва ба талаботи муайяни педагогӣ, илмӣ, эстетикӣ, беҳдоштӣ ва техникӣ ҷавобгӯ бошад. Асбобҳои аёнии таълим ду хел мешавад: 1. Табиӣ, ки ашё ва ҷисмҳои табиат ва истеҳсолотро дар ҳолати табииаш инъикос мекунад. 2. Тасвирӣ, ки ашё ва ҳодисаҳоро ба воситаи санъат (тасвирӣ, графикӣ, муҷассамасозӣ ва техникӣ) нишон медиҳад.

Дониш  –  маҳсули  аз  тарафи  одамон  дарк  намудани  ашё  ва  ҳодисаҳои воқеият, қонунҳои табиат ва ҷамъият. Дониш тағйирёбанда буда, хусусияти ривоҷёбӣ, дақиқшавӣ, амиқгардӣ дорад. Дониш ба воситаи забон ва хат аз авлод ба авлод дода мешавад. Ин раванд бо ду роҳи муносибати байни одамон ба вуқӯъ меояд: 1) табиӣ, худ аз худ, номуташаккилона ҳангоми ҳалли вазифаҳои амалӣ; 2) бо роҳи таълими муташаккилона. Ҳамин тавр, хонандагон на фақат дар раванди таълими фанҳои мактабӣ, балки аз муҳити атроф ва таҷрибаҳои ҳаётӣ низ дониш мегиранд. Омӯзгор вазифадор аст, ки донишҳоро ба хонандагон аз нуқтаи назари илмӣ дуруст шарҳ диҳад, то ки донишҳои онҳо ғайриилмӣ, сатҳию формалӣ набошанд.

Дониш ҷаҳонбинии касро васеъ намуда, ба рафтори ӯ низ таъсир мерасонад.

Дедуктивӣ (лот. Deduktio  - баровардан) – як тарзи хулосабарорӣ. Як усули фикркунӣ, ки аз асосҳои пештара бо роҳи мантиқӣ хулосаҳои нав бароварда мешавад. Аҳамияти  хулосабарории дедуктивӣ калон аст. Бо шарофати он дар илм кашфиётҳои муҳиме карда шудааст. Дар раванди таълим аз усули дедуктивӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дедуксия яке аз шаклҳои асосии гузаштани маводи таълимӣ буда, барои азхудкунии маводи дарс ёрӣ мерасонад. Дар натиҷаи муҳокимаи дедуктивӣ хонанда ба натиҷаву хулосаҳои муҳим ва нав меояд. Дедуксия инкишофи фаъолият ва “маҳсулнокӣ”-и тафаккурро таъмин менамояд. Татбиқи он ба хонандагон алоқаи объективӣ ва муносибати дутарафаи ҳодисаю воқеаҳои омӯхташавандаро  ошкор мекунад.

Малака – амалиёти бошууронаи худкор, ки бехато иҷро намудани кор ё амалро таъмин мекунад. Ҳар қадар малака пухта бошад, шахс корро ҳамон қадар тез, осон ва дуруст иҷро мекунад. Малака дар натиҷаи машқ кардан ба вуҷуд меояд. Малака аз се зина иборат аст: таҳқиқ, таксир ва худкор. Дар зинаи якум ҳар унсури корӣ алоҳида ҳосил мегардад. Масалан, ҳосилшавии малакаи навишт аз дуруст доштани ручка, кашидани хатҳои одӣ ва ғ. сар мешавад. Дар зинаи дуюм ҳамаи унсурҳо якҷоя таксир мегарданд. Дар зинаи сеюм душвориҳо бартараф гашта, ҳаракат ва амалиёт тезу равон, яъне худкор мешаванд.

Принсип (лот. principium – аввал, асос) – асоси қоидаҳои аввалини ягон назария,  таълим,  илм,  ҷаҳонбинӣ,  ташкилотҳои  сиёсӣ  ва  ғ;  эътиқоди ботинии инсон ва ба воқеият чӣ гуна муносибат доштани ӯ, меъёрҳои рафтор ва фаъолият.

Сенария  –  сохтор,  нақша  ва  тартиботҳое,  ки  аз  рӯйи  он  чорабинӣ  ва намоишҳо баргузор мегардад.

Васеъ будани захираи луғавии омӯзгор имкон медиҳад, ки бо нишондодҳои дастурҳои методии лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” фаъолият намуда, ба хонандагон дониши бештар диҳад.

 

С.Санҷаров,

омӯзгори мактаби №43-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш