Нашрияи Омӯзгор

Сифати таҳсилот - омили пешравӣ

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

 Ҳурсандиовар аст, ки солҳои охир сифати таҳсилот дар таълимгоҳҳо беҳтар мегардад.

 Сифати таҳсилотро чунин маънидод кардан мумкин аст:

- дониши хонандагон ва талаботи меъёрӣ;

- нақшаҳои таълимӣ;

- мусоидат намудани барномаҳои таълимӣ ба пешравии рушди инсон;

- мустақилона фикри худро баён намудани хонанда;

- мустақил будан.

Маълум аст, ки дар баланд шудани сатҳу сифати таҳсилот таъмини мактабҳо бо омӯзгорони ҳирфаӣ нақши муҳим мебозад.

Ба фикри ман, омилҳои паст будани сифати таҳсилот инҳоянд :

- нарасидани омӯзгорони фаннӣ;

- зиёд будани теъдоди омӯзгори ғайриихтисос;

- бе тайёрӣ ба дарс омадани хонандагон;

- нарасидани китобҳои дарсӣ;

- бесабаб ба дарсҳо иштирок накардани хонандагон;

- набудани шароит барои истифода аз технологияи муосири таълим

 (кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо);

- холисона баҳо нагузоштани омӯзгор;

- бе тайёрӣ ба дарс омадани омӯзгор;

- ба фарзанд аҳамият надодани падару модар дар хона;

- муносибати нодурусти омӯзгор ба хонанда;

- мутолиа накардани китобҳои бадеӣ.

 Дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва маводи ёрирасони таълимӣ омӯзгорони фаннӣ бояд мавқеи асоси дошта бошанд. Чунки омӯзгорони касбии ҳар як фан хусусияти таълим, синну соли хонандагон ва фанни худро хуб медонанд.

Ҳангоми баёни мавзӯъҳои таълимӣ омӯзгорро зарур аст, ки пеш аз ҳама, нақшаи кории худро дошта бошад. Мавзӯеро, ки дар рафти дарси физика мо ба хонандагон меомӯзонем, бо фанҳои химия, риёзӣ, табиатшиносӣ бояд алоқаманд намоем. Ҳамгироӣ бо баланд гардидани савияи дониши хонандагон мусоидат намуда, эҷодкорӣ ва нутқи онҳоро вусъат мебахшад. Ба хонандагон тавсия намудани адабиёти илова, маҷаллаву рӯзномаҳо, тамошои телевизион манфиатбахш мебошад. Хонандагон метавонанд ба воситаи интернет мақолаҳоеро, ки ба мавзӯъҳои таълими физика ва ситорашиносӣ лозиманд, дастрас намоянд.

Дар таъмини сифати таҳсилот баъди ҷорӣ гардидани муносибати босалоҳият дар таълим пешравӣ дида мешавад. Муносибати босалоҳият ҳамчун падидаи нав дар оянда ба баланд шудани сатҳу сифати таҳсилот мусоидат хоҳад кард. Дар раванди гузаштан бо усули салоҳиятнокии таълим омӯзгорро мебояд аз рӯи ихтисоси худ соҳиби дониши назариявии ҳаматарафа бошад.

Аз оғози дарс омӯзгорро лозим аст, ки шогирдонро барои дарёфти ҷиҳатҳои асосии мавзӯъ, яъне салоҳиятҳо водор намояд.

 Аз омӯзиш, таҷриба ва мушоҳида бармеояд, ки салоҳият ва салоҳиятнокӣ роҳу усули қолабӣ набуда, натанҳо ниёз ба омӯзгори донишманду эҷодкор, балки ба шогирдони зираку босавод низ иртибот дорад. Омӯзгори асил бо шогирдонаш метавонад ҳар як дарсро пурмазмун ва самаранок гузаронад. Омӯзгори муосир бояд дорои салоҳиятҳои замонавии касбӣ бошад, то дар раванди таълим муҳити таҳсилоти рушдёбандаро созмон диҳад. Бо ин мақсад омӯзгорро зарур аст, ки шавқу рағбати таълимгирандаро барои омӯзиш бедор созад.

 

Алихон ХОЛМАТОВ,

омӯзгори мактаби №98-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш