Роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ вазифаи масъулиятнок буда, аз директори мактаб ҷасорату иродат, ҷаҳонбинии фарох ва мусаллаҳ будан бо донишҳои педагогию психологиро тақозо мекунад.
Директори таълимгоҳ бояд аз асноди меъёрию ҳуқуқӣ, муҳтавои стандарту барномаҳои таълимӣ ва дигар ҳуҷҷатгузориҳо вобаста ба назорати дохилимактабӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди таълиму тарбия кор бо омӯзгорони ҷавон мебошад. Мусаллам аст, ки омӯзгорони ҷавон пас аз хатми мактаби олӣ бо ихтисосҳои гуногун ба муассисаи таълимӣ ба кор меоянд ва таҷрибаи кофии педагогӣ надоранд. Сарвари мактаб бояд дилсӯзона ва бо меҳру муҳаббат ёрии худро аз омӯзгорони ҷавон дареғ надорад. Нахустин амале, ки аз ҷониби директори муассиса анҷом дода мешавад, санҷиш ва баррасии конспекти дарсии мутахассиси ҷавон ва таҳияву тарҳрезии нақшаи тақвимӣ - мавзӯии вай маҳсуб меёбад. Заминаи асосии дарсро тайёрию омодагии ҳамаҷонибаи омӯзгор ташкил медиҳад. Мавзӯю мундариҷаи дарс бошад, дар конспекти омӯзгор инъикоси худро меёбад. Омӯзгорӣ кори заҳматталаб буда, аз мутахассиси ҷавон омӯзиши бардавом, мутолиаи сарчашмаю адабиёти иловагии иртиботманди ихтисоси ӯ ва бедорхобиҳои зиёдро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ба омӯзгорони ҷавон фаҳмондан лозим аст, ки бештар омӯзанд, аз устодони соҳибтаҷриба маслиҳат пурсанд, ба машғулиятҳои онҳо даромада, таҷриба ҳосил кунанд. Омили асосие, ки ба пешрафти омӯзгори ҷавон ва дар ин замина, баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишазхудкунии хонандагон таъсири ҷиддӣ мерасонад, ин иштироки роҳбарияти таълимгоҳ ба машғулиятҳои ӯ ба шумор меравад. Директор, ҷонишини вай оид ба кори таълим бояд мутассил ба дарсҳои омӯзгорони ҷавон даромада, ҳусну қубҳи дарси ӯро муайян карда, ба вай маслиҳатҳои беғаразона диҳанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки омӯзгорони ҷавон аз донишҳои педагогию психологӣ ба таври зарурӣ бархӯрдор нестанд. Аз ин рӯ, ба онҳо омӯзонидани муносибату муошират ба хонандагон, ҳамкорӣ бо падару модарон, дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои синфӣ ва чорабиниҳои беруназмактабӣ хеле муҳим аст. Ҳеҷ ҷойи аҷобат надорад, ки бо гузашти як сол ва таҷриба андухтан, муаллими ҷавон раиси иттиҳодияи методии фаннӣ пазируфта шавад. Ин кор масъулияти омӯзгори ҷавонро баланд мебардорад, вай пайваста меомӯзад, заҳмат мекашад, дарсҳои дигар ҳамкоронро таҳлил ва арзёбӣ мекунад. Ба маъмурияти таълимгоҳ зарур аст, ки дар яке аз шӯроҳои омӯзгорӣ таҳлилу муҳокимаи дарсҳои мутахассиси ҷавонро пешниҳод намояд. Умуман, директор ва муовинони ӯ тамоми роҳу усулҳоро бояд истифода кунанд, ки омӯзгори ҷавон ҳамчун мутахассиси варзида, лаёқатманд ва соҳибтаҷриба рушду каамол ёфта, дар пешравию дастовардҳои муассисаи таълимӣ саҳми намоёни худро гузорад.
Субҳия НАЗАРОВА,
директори мактаби №38-и
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр