Нашрияи Омӯзгор

Муассиса аз аттестатсия гузашт

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ тибқи нақшаи корӣ фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №70-ро мавриди санҷиш қарор дод.

Бо мақсади аз аттестатсия гузаронидани муассиса, гурӯҳи корӣ иборат аз 12 нафар мутахасиси фанҳои таълимӣ бо сардории Р. Мӯсоев, раиси хадамоти давлатӣ назорат дар соҳаи маорифи ноҳия, бо омӯзгорони муассиса оид ба рафти санҷиш мулоқот баргузор намуд. Комиссияи аттестатсионӣ фаъолияти муассисаро аз 25 то 31-уми декабр санҷида, хулосаҳои худро дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф мавриди муҳокима қарор дод.

Роҳбарии Шӯрои педагогиро сармутахассиси бахши хадамоти давлатӣ Бурихон Сафаров ба уҳда дошт. Дар ҷаласа ҷонишини бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Заррина Қодирова оид ба вазъи таълими фанни забони русӣ ва ҳуҷҷатнигории муассиса қайд намуд, ки таълими забони русӣ дар муассиса аз рӯи барномаи таълимӣ мутобиқ бо стандарти давлатӣ дар соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.

 Ҳамзамон, мавсуф  оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» суханронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳолати таълими фанни мазкур минбаъд дар ҷаласаҳои Шӯрои методӣ ва омӯзгорӣ бештар мавриди  муҳокима қарор дода шавад.

Дар идома аъзои комиссияи аттестатсионӣ оид ба вазъи таълими фанҳои забони англисӣ, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, математика ва физика, химия ва биология ва тарбияи ҷисмонию омодагии дифои  ҳарбӣ суханронӣ карданд.

 Аъзои комиссия дар рафти санҷиш камбудиҳои зиёдеро оид ба парвандаи шахсии омӯзгорон ва хонандагон, иштирок ба дарсҳои омӯзгорон, ташкили кабинетҳои фаннӣ, корношоям будани баъзе компютерҳо, ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои методӣ, кор бо хонандагони сустхон, санҷидани дафтарҳои даврӣ, мониторинги сифати таҳсилот ва ташкил намудани кабинети технология (таълими меҳнат) ошкор намуданд. Нозири минтақавӣ Муҳаммад Дӯстов аз рафти камбудиҳои ҷойдошта изҳори ақида намуда, барои ташкил ва таҷҳизонидани утоқҳои лабораторӣ аз фанҳои химия ва физика пешниҳодҳо манзур кард. 

Дар охир сардори муассиса Сарварой Хидирова ҳозиринро бовар кунонид, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлати кӯтоҳтарин  ислоҳ намуда, аз натиҷааш маълумот пешниҳод менамояд.

Намоз ДАВЛАТОВ,

омӯзгори собиқадори 

мактаби №70-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш