Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Дар давоми даҳсолаҳои охир, мубориза бо коррупсия ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа табдил ёфт. Ин падида бо таъсири номатлуби худ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: иқтисодиёт, сиёсат, идоракунии давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ ва маънавиёти ҷомеаро фаро гирифта, муносибатҳои коррупсионӣ аз зуҳуроти ғайриодӣ ба меъёри муқаррарии рафтор табдил ёфта истодаанд.
Борҳо таъкид гаштааст, ки хатари коррупсия аз хатари терроризму ифротгароӣ кам набуда, зиёда аз ин, фасодкорӣ ҳамчун омили пайдоиш ва доман паҳн кардани ҷиноятҳои вазнин баромад менамояд. Дар шароите, ки боварии ҷомеа нисбат ба фаъолияти бонизоми сохтору мақомоти давлатӣ, нисбат ба адолату қонуният коста гашта истодааст, дар шароите, ки мафҳумҳои некиву адолат, ростқавливу поквиҷдонӣ таҳти таъсири молпарастӣ, разиливу дурӯягӣ ва фасодкорӣ тариҷан аз байн мераванд, ногузир таъсири унсурҳои бадхоҳ ва тафриқаандоз ба афкори мардум зиёд мегардад, зеро мавҷудияти камбудӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ барои ташвиқу тарғиби ғояҳои иртиҷоӣ аз ҷониби бадкирдорон шароити мусоид фароҳам меоварад. Мутаассифона, оқибатҳои номатлуб ва ҳатто фоҷиаовари коррупсия на аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва на аз тарафи ҷомеаи шаҳрвандӣ то охир дуруст ва ба тариқи воқеӣ дарк карда нашудаанд.
Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи маҷмӯи воситаву усулҳои муосир мувофиқи мақсад дониста мешавад. Имрӯз мо бояд шакл ва мазмуни чораҳои муқовимат ба коррупсияро бо мақсади таъмини таъсирбахшӣ ва самаранокии он тағйир диҳем. Бояд тамоми кӯшишу имкониятҳои худро баҳри ташаккули тафаккури зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷамъият, новобаста аз синну сол ва мақому мартаба, равона созем. Маърифатнокии ҷомеа вобаста ба масъалаҳои номбаршуда дар сатҳи паст қарор дошта, фисади муайяни шаҳрвандон ҳатто чи будани коррупсия ва қоидаҳои оддии рафторро ҳангоми рӯбарӯ гаштанашон бо ҳолатҳои коррупсионӣ намедонанд.
Ба андешаи мо, ташкили бозиҳои зеҳнӣ ва ҳамагуна озмуну мусобиқаҳо дар байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии соҳибкорон оид ба масъалаҳои ташкили коргузорӣ, андозситонӣ, тартиби баргузор намудани санҷиши фаъолият ва ғайра, паҳн кардани варақаҳои иттилоотии зиддикоррупсионӣ, ташкили силсилаи барномаҳои телевизионӣ, таҳияи филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ, ташкили вохӯрии олимону коршиносон бо аҳли ҷомеа оид ба ҷанбаҳои алоҳидаи зуҳуроти коррупсионӣ мувофиқи мақсад буда, бешубҳа, аз бисёр ҷиҳат барои бамаротиб боло рафтани сатҳи маърифатнокии зиддикоррупсионии шаҳрвандон мусоидат карда метавонад. Бояд дар байни он ташкилоту корхона ва муассисаҳое, ки иҷрои нишондоди барномаҳои зиддикоррупсионӣ ба зиммаашон вогузор карда шудааст, баҳри ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди фаъолият рақобати солим ташкил карда, беҳтаринҳо қадршиносӣ карда шаванд. Ҳамчунин, ба фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионӣ ба сифати ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ҷалб кардани ҷавонону шахсони ташаббускор метавонад, боиси ба миён омадани эътимоду боварӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманди ҷомеаи шаҳрвандиву давлат гардад.
Бо назардошти он, ки дар шароити имрӯза аксарият иттилооти барояшон заруриро аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд, ташкили сомонаҳои махсуси зиддикоррупсионӣ ва саҳифаҳои алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҷойгиркунии иттилооти мухталиф оид ба асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, омӯзиши таҷрибаи ташкилоту корхонаҳои алоҳида дар ин самт, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар хусуси истифодаи чораҳои самарабахши мубориза, маводи публитсистӣ оид ба паёмадҳои номатлуби коррупсия, иттилооти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашида шудани фасодкорон ва ғайра мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Шавкат ЗОКИРОВ,
котиби масъули комиссияи ҷамъиятии муқовимат бо
коррупсия дар Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр