Нашрияи Омӯзгор

Ба ғолибон беш аз 137 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 50 нафар ғолиби озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол-2019», «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019», «Китобхонаи намунавии вилоят дар соли 2019», «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон-минтақаи ҷолиби сайёҳӣ», «Оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин ба сайёҳон», «Суратгири беҳтарин» таҳти унвони «Акси зебои кишварам», «Таҳияи бизнес-нақшаҳои соҳибкорӣ» ва «Фестивали оши палав»  мукофотпулиҳо дар ҳаҷми умумии 137 800 сомонӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба илму адаб, маънавиёту фарҳанг, рушди илму ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла, илмҳои дақиқ, забономӯзӣ, китоб ва китобхонӣ, омӯзиш  ва аз худ намудани технологияҳои муосири замонавӣ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, тарбияи ватандӯстии насли ояндасоз нишони барҷастаи ғамхории давлат барои такмили тафаккури аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Таҳияи

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш