Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикобод: 18 иншоот бунёд гардид

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 69 иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷамъиятидошта ба нақша гирифта шудааст, ки то соли 2019 сохтмони 18  иншооти муҳими хоҷагии халқ ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра бинои дуошёнаи шабакаи барқ, бинои маъмурии суди ноҳия, бинои нави дуошёнаи кӯдакистон, майдони Нишон ва Парчами миллӣ, мумфарш ва чароғонкунии роҳҳои маркази ноҳия, маркази бонувон, таъмири роҳҳои байни деҳот, кашидани хати оби нӯшокӣ, таъмиру барқарорсозии каналҳо, бунёди 6 майдончаи варзишӣ ва марказҳои тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар якчанд иншооти ҷашнӣ, аз қабили бинои шуъбаи фарҳанг, бинои замонавии кумаки аввалияи тиббӣ, сохтмони боғи фарҳангӣ фароғатии маркази ноҳия, инчунин, дар якчанд синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Таҳияи

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш