Дар доираи омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,37 гектар кӯдакистони хусусӣ бунёд гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи томактабӣ 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардида, 150 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Маблағи лоиҳавии иншоот 1 миллион сомониро ташкил дода, айни замон 90 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Таҳияи
Н.ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр