Нашрияи Омӯзгор

Суғд: бунёду азнавсозии 8 ҳазор иншоот дар назар аст

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  то соли 2021 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 7 ҳазору 71 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд. Ҳоло нақшаи номгӯи иншоот аз нав тарҳрезӣ гардида,  дар назар аст, ки теъдоди умумии иншооти ҷашнӣ ба 8 ҳазор расонида шавад. Соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 471 иншоот пешбинишуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, инчунин,  ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2 ҳазору 666 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Таҳияи

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш