Нашрияи Омӯзгор

Аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таълимӣ

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 842        Шарҳ: 0

 

Дар Паёми худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) оид ба соҳаи маориф ва илм изҳори ақида намуда, аз ҷумла, таъкид карданд, ки ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Соли равон роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дастуру супоришҳои  роҳбари давлатро саривақтӣ шуморида, барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, эътирофи донишгоҳ ва дипломи он дар хориҷи кишвар 6 барномаи таълимӣ: ду барномаи таълимии зинаи магистратура, чор ихтисоси зинаи бакалаврро аз ҷониби “НААР” аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. 

Масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмии дараҷаи баландихтисос самти афзалиятноки омоданамоӣ ва рушди потенсиали илмии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст. Бинобар ин, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура якҷоя бо раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ таваҷҷуҳи худро ба муайян намудани талабот нисбат ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ, рақобатпазир дар бозори таҳсилот ва интихоби ҷавонони лаёқатманд аз байни хатмкунандагон ва устодони ҷавони донишгоҳ барои дохил шудан ба магистратура ва докторантура аз  рӯи ихтисос (PhD)  равона менамояд. 

Дар донишгоҳ барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пойгоҳи моддию техникии зарурӣ - озмоишию таҷрибавӣ, марказҳои компютерӣ, барномаҳои ҳисобкунӣ ва дастгоҳҳои чопкунӣ мавҷуд аст.

Инчунин, дар донишгоҳ институти илмӣ – таҳқиқотӣ, бозори истеъмолӣ ва хизматрасонӣ ташкил карда шуд, ки дар он барои иҷрои корҳои илмӣ - таҳқиқотии магистрон, унвонҷӯён, ва докторантҳо заминаи хуби илмӣ ба вуҷуд омад.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷи-кистон барои таҳқиқотчиён тамоми шароит ба вуҷуд оварда шудааст. Магистрҳо, аспирантону унвонҷӯён ва докторантҳо аз рӯи ихтисос (PhD)  аз китобхонаи замонавии дорои китобҳои навтарин ва маводи электронии он самарабахш истифода мебаранд ва  имконияти дар маркази компютерӣ ва алоқаи интернетӣ озодона кор карданро доранд. Ба унвоҷӯён  имконияти сафари хидматӣ ба хориҷи кишвар дода мешавад. Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аспирантону унвонҷӯён ва докторантоне, ки дар муҳлати муқарраршуда рисолаи илмиашонро ҳимоя мекунанд, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Раванди таълим дар магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD),  аз рӯи нақшаҳои таълимие ба роҳ монда шудааст, ки онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Дар шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура 135 нафар магистрант дар курси якум ва 94 нафар дар курси дуюм аз рӯи 8 ихтисос, зиёда аз 57 аспирант ба ҳайси унвонҷӯ аз рӯи 9 ихтисос, 22 нафар доктори илм аз рӯи ихтисос (PhD)  - 7 ихтисос  ва 8 докторанти анъанавӣ аз рӯи 2 ихтисос таҳсили илм доранд.

Маҳз  тавассути  дастгирии раёсати донишгоҳ ва роҳбарони илмӣ хатмкунандагони аспирантура рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро ҳимоя намуда, сафи устодони дараҷаи илмидоштаи донишгоҳро пурра менамоянд.

Таҳқиқоти олимони донишгоҳ, дотсентон Ф.Шаропов, Б.Қурбонов, А.Ҷабборов, Н.Қудратов, Ф.Аминов, Ф.Қурбонова ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника қадр карда шудаанд.

Инчунин, хатмкунандагони шуъбаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳ  пас аз дифои рисолаҳои хеш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доранд.

Шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура доимо бо хатмкунандагони бо баҳоҳои хубу аъло таҳсилкунандаи донишгоҳ кор бурда, дар баробари гирифтани диплом, ба онҳо барои давом додани таҳсил дар магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) роҳхат медиҳад.

Дар ин шуъбаҳо аз рӯи ихтисос (PhD) на танҳо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, инчунин, хатмкунандагони донишкадаю донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ, аз кишварҳои Афғонистон, Туркия, Эрон таҳсил менамоянд.

Ҳоло шуъбаҳои номбаршуда барои гузаронидани барномаҳои таълимии дигар ихтисосҳои зинаи магистратура тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд.

Р.Раҷабов,

доктори илми иқтисодӣ,

муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДТТ,

С. Зубайдов,

номзади илми техникӣ,

мудири шуъбаи ДДТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш