Нашрияи Омӯзгор

Тарбия муҳити созгор мехоҳад

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Солҳои пеш аксар падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон кам  аҳамият медоданд. Хонандагон пас аз хатми синфи нуҳум мактабро тарк мекарданд, ки ин ба таълиму тарбияи хонандагони  мактаб таъсири манфӣ мерасонид. Ё худ, баъди синфи нуҳум ба Россия, ба мардикорӣ мерафтанд.

Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро ба тасвиб  расонд. Дар моддаи панҷуми банди якуми қонун гуфта шудааст, ки «Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва аҳли ҷомеа мебошад». Пас аз қабули ин қонун масъулияти падару модарон зиёд гардида, аз ҷумла, қафомонии хонандагон ба дарсҳо коҳиш ёфт.

Агар дар оила муносибати байни падару модар меҳрубонона бошад, он вақт метавон гуфт, ки ин оилаи солим фарзанди солимро тарбия карда, ба воя расонида метавонад. Тарбияи насли наврас ҳамеша дар маркази диққати ҷомеа ва давлат  қарор дошта, таъмини фазои солим ва психологии он яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза кӯдакони зиёде ҳастанд, ки ҳамчун хонандаи тарбияашон душвор, дарсгурез ва қонуншикан эътироф гардидаанд. Аз нигоҳи синнусолӣ, бадахлоқӣ ва рафторҳои зиддиҳуқуқӣ бо як давраи муайян маҳдуд набуда, зуҳуроти  шадиди он ба синни наврасӣ аз 10 – 11 – солагӣ то 14 -15 – солагӣ рост меояд. Зеро давраи наврасӣ давраи гузариш буда, кӯдакон дар ин давраи буҳрони ҷиддии синнусолиро аз сар мегузаронанд. Агар мо дар ин давраи гузариш ҳуқуқҳои шаҳрвандии кӯдакро поймол кунем, пайдоиш ва вайроншавии ахлоқи хонандагон дар мактаб сар мезанад. Бинобар ин, моро лозим аст, ки аз муаллимони ботаҷрибаву рӯзгордида дар мактаб истифода бурда, бо онҳо  ҳамкорӣ намоем, вохӯриву суҳбатҳо ташкил кунем.

Сабабҳои  асосии вайроншавии ахлоқи хонандагон дар ин гуна ҳолатҳо сар мезанад: Дар тарбияи наврасон бештар оила не, балки муҳити беруна таъсири зиёдтар мерасонад. Дар оилаҳо бошад, фазои иҷтимоии  психологӣ муътадил набуда, якдигарфаҳмии байни волидон, ҷудо шудани падару модарон ва ба ҳамдигар  муттаҳид набудани онҳо. Пас, дар нав-расон чунин хусусиятҳо ва хислатҳои манфии характер пайдо мешавад. Ин хислатҳо бадбинӣ, беғайратӣ, нодонӣ, беинсофӣ қафомонӣ, дағалӣ ва монанди ин мебошад. Агар дар оила фазои солим, муътадил, якдигарфаҳмӣ, эҳтиром байни падару модар ва муҳити созгори  берун аз оила дуруст бошад, пас наврасон дар рӯҳияи боақлӣ, солимӣ, ҷасурӣ, бофаросатӣ, хушзеҳнӣ, болаёқатӣ, диққатӣ, поквиҷдонӣ, хоксорӣ ва монанди ин тарбия меёбанд, ки барои ояндаи онҳо  басо муҳиманд. 

 

Сабоҳат АБДУЛЛОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш