Нашрияи Омӯзгор

Хусусиятҳои инкишофи кӯдакони ақлан заиф

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Таълим ва тарбияи кӯдакони ақлан заиф бо баъзе мушкилиҳо  алоқаманд аст. Дар аввали соли хониш дар ҳаёти кӯдакон ва рафтору кирдорашон дигаргуниҳо ба вуҷуд меояд. Акнун кӯдак ба хондан вобаста шуда, рафтори худро ба қоидаҳои мактабӣ бояд тобеъ кунад ва ин аз дараҷаи инкишофи иродаи ӯ вобаста аст. Ташхиси кӯдакони мактабҳои ёрирасон нишон медиҳад, ки онҳо бештар ба корҳои амалӣ ва таҷрибавӣ ниёз доранд. Барои нишон додани хусусиятҳои инкишофи иродавии кӯдакони ақлан заиф мо методикаи профессор Ш.Н.Чхатишвилиро, ки иродаву майли кӯдакони сиҳатро омӯхтааст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додем.

Номбурда ба таври хулоса андешаҳояшро ба тариқи зер баён намудааст;

1). Кӯдак бояд дар раванди машғулиятҳо аз нуқсу камбудиҳои зеҳнии худ камтар фикр кунад. Барои ин иродаи мустаҳкам ва хислати қавиро бояд пеша кунад, то ин ки ин омил аз байн равад.

2). Масъала бояд чунин бошад, ки ташаккулёбии иродаи хонандаи имконияташ маҳдуд дар раванди машғулиятҳо нишон дода шавад.

3). Мушкилиҳои пешомадаро кӯдак бо иродаи қавӣ пушти сар намояд.

4). Пайдоиши иродаи қавӣ аз муносибат ва муошират бо ҳамдарсон низ вобастагӣ дорад. Усули гузаронидани таҷриба чунин аст. Маводи озмоиши якум ҳарфҳои ранга мебошанд.

Мисол: и - сабз, а - сурх. Таҷрибаи якум аз се намуд иборат аст. Дар вақти хондани калима тарбиятгар бояд ҳарфҳои рангаро хонда диҳад.

Коғазҳои ранга бо расмҳои калон нишон дода шудааст.

Кӯдакони ақлан заиф метавонанд рафтори худро тобеи супоришҳои додашуда гардонанд ва вобаста ба синну сол ва меъёри омӯзиш ташаккул ёбанд.

Дар кӯдакони ақлан заиф иродаи қавӣ ва рафтори хуб хеле дер ташаккул меёбад. То 15-16 - солагӣ ин кӯдакон тақрибан ҳамаи қобилияту неруи зеҳнии худро нишон медиҳанд.  Таълими ирода дар кӯдакони ақлан заиф заҳмат, меҳнат, мақсад ва вақтро талаб менамояд.

Момагул Ёрова,

мураббия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш