Нашрияи Омӯзгор

Азизу муниси кӯдакон

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Адиби шинохтаи бачаҳо Азизи Азиз бо силсилаи қиссаю ҳикоя ва афсонаҳои эҷоднамудаи худ дунёи бекарон ва софу поки афсонавии кӯдаконро хеле моҳирона ба риштаи тасвир кашидааст.

Вохӯрие, ки бо маъмурияти мактаби №1 ва дар ҳамкорӣ бо бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо адиби дӯстдоштаи кӯдакон Азизи Азиз чанде пеш дар толори кохи «Маърифат»  баргузор гардид, бори дигар исбот намуд, ки ӯро кӯдакон дӯст медоранд. 

Ба муносибати вохӯрӣ бо адиби дӯстдошта хонандагон толорро хеле идона ва рангину афсонавӣ оро дода буданд. Дар гӯшае намоишгоҳи асарҳои адибони шаҳри Ваҳдат ва Азизи Азизро ороста буданд. Давродаври саҳнаро бошад, расми дасткоришудаи адиб ва сурат-рӯзномаҳое, ки дар асоси қиссаю афсонаҳои навиштаи Азизи Азиз кашида шуда буданд, оро медоданд. Барандаҳо Амина, Оиша ва Юсуфҷон маҳфилро бо шеъру таронахонӣ ва ҳикояте аз ҳаёту рӯзгори Азизи Азиз ҳусни оғоз бахшиданд.

Тӯли қариб ду соат хонандагон қиссаю ҳикояҳои адибро нақл кардаву аз рӯи ҳикояҳои адиб «Ширбиринҷ», «Болотар аз ҳама», «Саволи хуб», «Айнак» ва ғайра саҳначаҳо намоиш доданд. Ба саволҳои меҳмон ҷавобҳои саҳеҳу бурро дода, нависандаро бовар кунонданд, ки онҳо, дар ҳақиқат, китобхону китобдӯст буда, эҷоди асилро мепарастанд. Рақсу сурудхонии хонандагон маҳфилро зебу шукӯҳи дигар бахшид.

Сарвари шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Абдусаттори Раҳмон аз номи адибони диёр Азизи Азизро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Азизи Азиз дар ҷамъбаст аз истиқболи гарму мулоқоти хотирнишин изҳори қаноатмандӣ ва ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуд. Дар охир хонандагон ба адиб туҳфаҳо тақдим карда, бо ӯ акси хотиравӣ гирифтанд.

 

Фотима НАЗАРОВА,

 омӯзгори мактаби №1-и

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш