Таърихи маорифи ноҳияи Файзобод, ки бешубҳа, замоне дар шакли китобе фароҳам оварда хоҳад шуд, хеле ҷолибу рангину пурҳаводис аст ва иртиботмандие бештар бо корномаи як зумра фидоиёни соҳа дорад, фидоиёне чун Назир Қурбонов.
Ин марди хирадпарвару маърифатгустар дар оилаи зиёӣ, дар деҳаи Дубеда ба дунё омада, пас аз соҳиби таҳсилоти ибтидоӣ гаштан бо тақозои замон аз нимаи дуюми солҳои 20-уми садаи 20 ба омӯзгорӣ пардохтаву дар татбиқи муҳимтарин барномаи айём – маҳви бесаводӣ ҳиссаи шоиста гузоштааст ва ҳамзамон чун ҷонибдори сохти нави Шӯравӣ ба рағми босмачиён мубориза бурдааст. Дар ҳар маҳалле, ки зимомдорони давр зарур медонистанд, омӯзгори ҷавону ҷасур ва матинирода Назир Қурбонов ба таълиму тарбия машғул мешуд ва дар дурдасттарин деҳоти ноҳия машъали маърифат меафрӯхт, мардумро (он замон хурду калон навомӯз буданд) ба донишандӯзиву фаъолиятмандӣ ҳидоят мекард, чашмашонро ба дунёи нав боз менамуд. Аз ин рӯ, босмачиён борҳо қасди ҷонашро карданд, вале мардумони одии деҳот ҳамеша сипараш мешуданд, ба ҳар тариқ ҳимояташ мекарданд. Чунончи, боре аз як кӯшиши кинаваронаи босмачиён нисбат ба омӯзгори ҷавон огаҳӣ дарёфта, сокинони як деҳаи дурдасти Файзобод (он вақт Н.Қурбонов он ҷо мактабдорӣ мекард) ӯро андаруни танӯре руст карда, аз чашми бадхоҳон дур андохтанд. Дафъаи дигар хилватгоҳеро дар кӯҳсор паноҳгоҳаш сохтанд. (Воқеан ҳам, мардуми тоҷик табиатан маърифатпарваранд ва ҳама ҷо, дар ҳама ҳолат ба аҳли хирад арҷ мегузоранд, ҳатто, дар ҳифзи хирадмандону донишгустарон сина сипар месозанд). Назир Қурбонов дар қатори дигар хидматҳои шоистааш соли 1930 дар таъсиси аввалин интернат барои кӯдакони ятиму бепарас-тор дар деҳаи Дубеда фаъолона ширкат варзидааст. Ин ҷавономӯзгори ҷасур пайи такмили дониш ва маҳорати касбӣ солҳои 1937-1939 дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) таҳсил мекунад ва ба зодгоҳаш баргашта, бо азми дучанд ба фаъолияташ дар арсаи маориф идома мебахшад.
Ҷавонмарди иродатманд Назир Қурбонов бо амри дил ба ҷабҳаи Ҷанги дуюми ҷаҳон ворид гардида, дар поксозии сарзамини Украина аз фашистони истилогар қаҳрамонона ширкат варзидаву дар яке аз муҳорибаҳои шадид захмӣ шуда, ба Тоҷикистон баргаштааст ва дар баробари таълиму тарбияи насли наврас дар барқарорсозии тахриботи даврони ҷанг бо азми қавӣ нақшгузорӣ кардааст.
Чун шиораш «Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам» буд, бо тақозои замон аз Файзобод озими ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) шуд, то дар ободонии водии Вахш (корзори муҳими замон) ширкат намояд. Н.Қурбонов дар ин ноҳия дар сафи машъалафрӯзону парчамафрозони маориф ҷой гирифт ва дар вазифаҳои мудири мактабу котиби ҳизби коммунисти колхоз бенуқсон кор кард, дар байни мардум маърифатгустар ва тавзеҳбахши рӯйдодҳои рӯз буд. Ба қавли маъруф, «Як даме аз мардумон дурӣ надошт».
Эҳтиёҷ ба роҳбари оқилу кордону соҳиб-таҷриба масъулини ноҳияи Файзободро водошт, ки соли 1954 ба исрори қотеъона ҳамдиёри номвари хеш Назир Қурбоновро ба ноҳия баргардонанд ва ӯро мудири шуъбаи маориф таъйин намоянд. Ҳафт сол дар ин вазифаи масъулиятбор ва пурташвиш кор кард. Доираи фаъолияташ дар ин давра низ басо бавусъат буд. Чун соҳибтаҷриба буду аз шебу фарози соҳаи маориф огаҳ, бештар ба тақвияти сатҳи таълиму тарбия дар кулли дабистонҳои ноҳия таваҷҷуҳ намуд. Омӯзгорони мумтозу ғамхори насли наврасро дастгирӣ кардаву баҳри фаъолияти густурдаашон шароит фароҳам овард. Таҳти роҳбарии ӯ таълимгоҳҳои ноҳия хеле обод ва бо таҷҳизоти зарурии методию маъмурӣ таъмин гардиданд. Бо кӯшишу талошҳои ин роҳбари кордида дар якчанд деҳаи дурдаст мактабҳои нав бунёд карда шуданд. Н.Қурбонов, ба вижа, барои ҳалли масъалаи пургиреҳтарини минтақа – ҷалби пурраи духтарон ба таълимгоҳҳо кӯшиши пайваставу бобарор ба харҷ дода, ба комёбиҳо ноил гашт.
Устоди фидокору номвар Назир Қурбонов пас аз ба нафақа баромадан низ аз байни мардум, аз ҳалқаи аҳли маориф дур нарафт, ӯ солҳои зиёд раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳия буд ва бо шогирдону омӯзгорони мактабҳо, бо кормандони муассисаҳои гуногун, бо масъулини соҳаҳо мунтазам суҳбату вохӯриҳо баргузор менамуду тарғиби илму маърифат, дӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву накукорӣ мекард. Ва ҳамин тавр, ҳамеша ҳамдаму ҳамқадам, шодишарику ғамшарики аҳли ҷомеа буд устоди нексиришт ва инсони наҷиб Назир Қурбонов. Ӯ барои хидматҳои бардавому бенуқсонаш ба манфиати халқу Ватан бо орденҳои «Ленин» ва «Байрақи сурхи меҳнат» бо медалҳои «Ғалаба бар Германия дар ҶБВ, с.1941-1945», «Барои меҳнати шоён», «Ветерани меҳнат», «100-солагии В.И.Ленин», бо нишони «Аълочии маорифи халқ» ва ҷоизаву ифтихорномаҳои зиёде мукофотонида шудааст.
Аз даргузашти ин чеҳраи тобноки аҳли маорифу маърифати ноҳияи Файзобод солҳо сипарӣ шуданд, аммо мардум ҳамеша ёд аз ӯ меоваранд, такрор ба такрор саногӯяш мешаванд, рӯҳи покашро пос медоранд. Месазад, ки корномаи ин марди шарафманд ба таври фарогир омӯхта шавад ва дар шакли қиссаеву китобе пешкаши хонандагон гардад…
Соли равон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар ноҳияи Файзобод ҳамоиши тантанавӣ баргузор гашт ва эълон шуд, ки бо пеш-ниҳоди сокинони маркази ноҳия ва дастгирии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода як кӯчаи навбунёди шаҳраки Файзобод ба номи Назир Қурбонов гузошта шуд. Дар ин ҳамоиш дар радифи масъулину шаҳрвандони ноҳия нависандагони маъруфи тоҷик Сорбон ва Бахтиёри Муртазо иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳамагон гуфтанд, ки номи фарзандони содиқи Ватан ҳамеша зиндаву ҷовид аст, зеро:
Чун номи накут ёр бошад,
Бо марг туро чӣ кор
бошад?!
А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр