Нашрияи Омӯзгор

Курси шиносоӣ бо низоми ИМД оғоз гардид

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2020 оғоз гардид.

Дар асоси  банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 1-уми марти соли 2018, № 81) бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус, омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.

Вобаста ба ин, аз 20 то 22 январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси шиносоӣ бо иштироки намояндагони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Дар курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан, барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ, шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла, муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.

Ба таблиғгарон маводи  ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла, дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модули омӯзишии низоми ИМД тақсим карда шуд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода, баъд аз гузаронидани курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар шаҳри Душанбе барои ташкилу баргузории ин курс тибқи ҷадвали тасдиқшудаи сафарҳои хизматӣ ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3642 намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 30-юми январ то 1-уми феврали соли 2020 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150 000 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар анҷоми курсҳои шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ тавассути тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2020 аз 3-юми феврал то 6-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони доимӣ ва муваққатии марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модари довталабон гузаронида мешавад.

 

Н.ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш