Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоят ба ояндаи дурахшон

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Паёмҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ҳамеша ба сӯйи уфуқҳои тоза ва пурбори зиндагӣ роҳнамо мешаванд.

Сарвари мамлакат ҳамасола қайд мекунанд, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватанию хориҷӣ ҷавобгӯ бошад. Мо, омӯзгорон, ҳар як нуктаи Паёмро бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолияти Ватанамон хонда, аз он як ҷаҳон маъно бардоштем.

Дар Паём омадааст: «Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне  ғами фарзандонамонро хӯрем. … ин вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад». Дар баробари  ин,  зикр шудааст, ки масоили таълиму тарбияи босифат ва бомасъулияти насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои  инсон дар кори тарбия  мавқеи калон дорад.

Дар ин ҳуҷҷати муҳим чун солҳои пешин  ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи  мардум аҳамияти калон дода шудааст. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар қатори  кормандони дигар  соҳаҳо музди маоши коркунони соҳаи маориф ба таври қобили мулоҳиза 15 фоиз баланд бардошта мешавад. Ин бори дигар нисбат ба соҳаи маориф ғамхор ва дастгири омӯзгорон будани Сарвари давлатамонро нишон медиҳад.

Дар баробари ин, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дастур медиҳад, ки бояд таваҷҷуҳи хонандагонро ба омӯзиши технологияи навин, забони модарӣ, забонҳои хориҷӣ бештар ҷалб кунем. Хуллас, Паём илҳомбахш ва роҳнамои мо, масъулини соҳаи маорифи кишвар буда,  ҷавобан ба он ният дорем, ки реҷаи кориамонро ба он мутобиқ карда, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузорем.      

 

Роҳиламоҳ  ҚАНДАҲОРОВА,

Далер Зокиров,

омӯзгорони коллеҷи тиббии

шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш