Нашрияи Омӯзгор

Роҳнамои рӯзгори шоиста

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) фарогири таҳлили амиқ ва  ҳамаҷонибаи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат мебошад.  Аҳли маориф Паёми Пешвои миллатро бо самимият истиқбол карданд.

Дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор доштани масъалаи мактабу маориф моро рӯҳбаланд месозад. Дар соли 2019, тавре дар Паём таъкид шуд, «… бо маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. … Соли 2020 сохтмони 181  муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.». Дар ин замина, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои насли наврас сол то сол беҳтар мешавад.

Пешвои миллат дар назди аҳли маориф вазифа гузоштанд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардошта,  «…наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои  бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд». Эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф гардиши куллие дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, тафаккури техникии насли наврасро тавсиа  медиҳад ва дар беҳтар кардани омӯзиши илмҳои бунёдӣ нақши муҳиме мегузорад. Бо ҳидоят ва сарпарастии Пешвои миллат баргузор намудани озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» як таҳаввулоти инқилобиеро дар тафаккури тамоми қишрҳои ҷомеа ба бор овард. Ин озмун бори дигар нишон дод, ки миллати тоҷик аз азал миллати китобдору китобнавису китобхон ва китобдӯст буду ҳаст.  Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар  бархоста аз гуманизми баланди Пешвои миллат аст ва мо инро дар сафарҳову вохӯриҳои Пешвои миллат дар ҳама гӯшаву минтақаҳои мамлакат эҳсос менамоем. Мебинем, ки Пешвои миллат ҳамеша табақаҳои осебпазири ҷомеа, ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоатро дастгирӣ мекунанд. То 50 фоиз боло бурдани нафақаи маъюбон гувоҳи гамхорӣ ва масъулияти давлат дар таъмини рӯзгори ин гуна шахсон аст. Ҳамчунин, 15 фоиз зиёд кардани маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа  мегардад.  Дар ҷавоби ин ҳама дастгириву гамхориҳо мо – аҳли маориф вазифаи пурмасъулият -  тарбияи арзандаи насли наврасро ба дӯш дорем. Аз меҳнати мо, аз иҷрои вазифаи мо ояндаи дурахшони ҷомеа таъмин мегардад. 

Парвина АБДУЛЛОЕВА, 

омӯзгори мактаби №7,

 ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш