Омӯзиш дар рушди ҳамаҷонибаи инсон нақши муҳим дорад ва шахс ҳар қадар бештар омӯзад, ҳамон қадар зудтар ба камолоти маънавӣ мерасад, соҳибмаърифат мегардад.
Аз ин ҷост, ки донишомӯзии кӯдакон масъалаи хеле пураҳамият тавсиф мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро самимона дӯст медоранд ва ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дар мамлакат барои кӯдакон, омӯзиш ва машғулиятҳои гуногуни судовари онҳо шароити мувофиқ фароҳам оварда шавад. Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Кӯдак то давраи мактабхон шуданаш ба воситаи донишномаҳо бо донишҳои аввалияи инсонӣ мусаллаҳ мегардад, ки дар натиҷа кори таълиму тарбияи ӯ дар мактаб ба маротиб осон мешавад. Барои кӯдакони мактабхон низ маълумоти энсиклопедӣ дар баробари китобҳои дарсӣ хеле зарур аст». Бо дастури Президенти ҷумҳурӣ дар назди Энсиклопедияи миллии тоҷик шуъбаи Донишномаи кӯдакон ва наврасон ташкил карда шуд, ки вазифаи асосии он нашри китобчаҳову донишномаҳои гуногун барои бачагон аст. Бояд гуфт, ки дар кишварҳои мутамаддин чопи донишномаҳо барои кӯдакон анъанаи дерин аст, зеро ба таъкиди равоншиносон, майнаи кӯдак маҳз барои омӯхтан офарида шудааст ва имконоти фаровон дорад. Зарур аст, ки аз оғоз кӯдакон бо маълумоти зарурӣ ва манфиатбахш таъмин карда шаванд. Дар ин самт ба онҳо, пеш аз ҳама, донишномаҳо мадад мерасонанд. Бо эҳтимоми шуъбаи мазкури Сарредаксияи илмии Эсиклопедияи миллии тоҷик дар кишварамон аввалин китоби фарогиру пурмуҳтаво ва рангини «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» ба нашр расид ва аз тарафи доираи васеи хонандагон, волидон, аҳли маориф ва умуман, ғамхорони кӯдакон гарм истиқбол гирифта шуд. Дар ин китоби бузург вобаста ба бобҳои алоҳида оид ба мавзӯъҳои таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, ҳафт муъҷизаи олам, шинохти асли тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои бузурги эронӣ, зуҳур ва густариши ислом, давлатҳои аҳдиисломии Эронзамин, тохтутози муғул, давлати Темуриён (таърих), ахтаршиносӣ, техника (физика), олами диназаврҳо, олами ҳайвонот, олами парандаҳо, олами рустаниҳо, хусусиёти инсон (биология), ҷуғрофия ва санъат маълумоти хеле ҷолиб ва бунёдиву ба фаҳми кӯдакону наврасон мувофиқ гирд оварда шудааст. Чунонки мутахассисон муайян кардаанд, майнаи кӯдакон ба қабули маълумот хеле ҳассос ва неруманд мебошад. Аз ин ҷост, ки хирадмандон «Илм дар хурдӣ – нақш бар санг» гуфтаанд. Ин ҳикмат ишора бар он мекунад, ки ба донишандӯзии кӯдакон бояд диққати махсус дод. Китоби мазкур аз ин ҷиҳат ба омӯзгорону мураббиёну волидон мададгори хуб буда метавонад. Месазад, ки «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» дар ҳар хонадони тоҷик вуҷуд дошта бошад.
Умед аст, ки минбаъд кӯдакони мо бо ибтикори Энсиклопедияи миллии тоҷик ва нашриёти дигари ҷумҳурӣ боз соҳиби донишномаҳои дигар мешаванд. Ин ба омӯзгорон низ дар ҷараёни кори таълиму тарбия дар мактаб мададгор хоҳад буд.
Манзура
МАВЛОНАЗАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр