Ҳадафу мақсаду армони ман аст,
Шуҳрати ман, шарафу шони ман аст,
Бар шукуфоии миллат сабабест,
Дар ҳама фасл гулистони ман аст.
Шуда обод аз он кишвари мо,
Мурғи бахтаст мудом дар сари мо.
Меҳр бастем ба он аз дилу ҷон,
Васфи он зарварақи дафтари мо.
Тоҷикон гашта зи он шуҳратёр,
Бо ҳама халқи ҷаҳон хешу табор!
Ҷилваи парчами моро бинигар;
Рамзи осудагиву авҷу барор.
Кохи нур
Роғуни мо бунёд гашт,
Фатҳи нави Фарҳод гашт.
Бо азми неки тоҷикон
Ин кохи нур эҷод гашт.
Роғун чу эҳсон мекунад,
Олам чароғон мекунад.
Шодоб карда марзҳо,
Ҳар ҷо гулистон мекунад.
Роғун сари болои мост,
Имрӯзи мо, фардои мост.
Андар ҷаҳони рушдҳо
Волотарин пайдои мост!
Роғун-нишоти халқҳо,
Бахшандаи нуру сафо.
Бунёдкорӣ мекунем
Дар пайравии Пешво.
Саъдони Хушвахт,
ноҳияи Дарвоз
Иловакунӣ
Иловакунии фикр