Ба ифтихори 70-солагии профессор Зариф Шарифов
Муборак, устодо, ҷашни ҳафтод,
Бароят комёбӣ бештар бод!
Намудӣ умри худ сарфи маориф,
Туӣ марди фазилатманду ориф.
Ҳамеша раҳрави заҳматқаринӣ,
Миёни устодон беҳтаринӣ.
Басо хидмат ба халқи хеш кардӣ,
Накукорӣ ба ҳар кас беш кардӣ.
Насибат бод доим сарбаландӣ,
Зи баҳри мо рафиқи дилписандӣ!
Бобоҷон МИРЗОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти
КАС-и Донишгоҳи аграрии
Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр