Нашрияи Омӯзгор

Шуморо дӯст медорем, муаллима!

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Соли гузашта духтарчаам Комила, ки хушбахтона, фаҳму дарку ҷаҳдаш комил асту ба таҳсил рағбати зиёд дорад, мактабрав шуд. Дар интихоби таълимгоҳи табъи диламон хеле радду бадал кардем аҳли оила. Ниҳоят, интихобамон ба гимназияи хусусии «Тоҷикистон» мувофиқ афтод. Дӯстону шиносонамон гуфтанд, ки дар ин гимназия таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст ва омӯзгоронаш аксар фаъолу соҳибтаҷрибаанд.

Инак, чоряки сеюм аст, ки Комилаи мо дар синфи якуми таълимгоҳи мазкур таҳсил дорад. Хеле хушҳолу қаноатманд аст ва қариб ҳар рӯз аз гимназия паёме ба мо мерасонад; аз суханони писандидаю супоришҳои омӯзгоронаш, аз рафтори боадабонаи ҳамсинфонаш, аз лаззати шунидани афсона ё шеъру суруди гуворое…

 Чанд ҳафта пеш бо фараҳмандӣ ба ман гуфт: - Модарҷон, ғайр аз муаллимаи худамон боз як муаллимаи дигар ҳар гоҳ ба синфи мо медарояд, бо мо саволу ҷавоб мекунад, ҳамроҳамон дар парта нишаста, дарси муаллимаамонро гӯш мекунад, ҳатто дар роҳравҳою саҳни гимназия ба мо меҳрубонона муносибат намуда, сарамонро сила мекунад. «Ин муаллима бисёр меҳрубону хушрӯй аст», - хулоса кард суханашро Комила.

Чунин «иттилои васе»-и духтарчаам ҳисси кунҷкобиамро бедор кард ва хостам бидонам, ки ин омӯзгори писандидаи ӯ кист. Боре дар маҷлиси волидони гимназия иштирок карда, хориҷ аз он аз Комила хоҳиш кардам, ки «муаллимаи меҳрубону хушрӯй»-ро ба ман нишон диҳад. Бо ишораи ӯ муаллимаро дарёфтам ва ба наздаш рафта, салом додам. Бо чеҳраи кушод, самимона истиқболам гирифт ва гуфт, ки ба назарам, сухани гуфтание доред. Биёед, ба дафтари кори ман дароем.

Самимияти муаллима илҳомбахшу ҷуръатафзоям шуд. Гуфтам, ки духтарам Комила дар синфи якум мехонаду дар бораи шумо бисёр бо эҳтиром сухан мегӯяд. Дар ҷавобам муаллима гуфт, ки Комиларо медонад; духтарчаи боғайрат, хушсухан, ба хондану омӯхтан шавқи зиёд дорад. Ӯ яке аз беҳтарин шогирдони таълимгоҳи мо хоҳад шуд. Албатта, ҳамчун модар аз ин таърифҳои муаллима болидахотир гардидам. Хеле суҳбат кардем. Ин бонуи маърифатманд – Саодат Каримзода Раҳимӣ муовини директори гимназия будааст. Суҳбатамон тақрибан ним соат тӯл кашид. «Даме пеши доно беҳ аз оламест», - гуфтаанд, ки сухани ҳақ будааст. Дар ин муддати кӯтоҳ ман аз муаллима дар бораи олами зебои кӯдакон, муносибат ба онҳо, нозукиҳои тарбияи фарзанд, аҳамияти ҳамкории мактабу оила, одоби ҳамидаи инсонӣ… он қадар маълумот гирифтам, ки гӯё китоби бузургеро мутолиа карда бошам. Аз дафтари кори Саодат Раҳимӣ – бонуи маърифатоин бо рӯҳи болидаю табъи шукуфта берун шудам ва ба худ гуфтам: кошки, сафи чунин омӯзгорон ҳар чӣ бештар бошад. Хоҳише дар дилам сар зад, ки дар бораи ин зани бофазилат маълумоте бештар дошта бошам. Чун аз худи ӯ ҷуз ному насабашу вазифааш дар борааш иттилое дарёфта натавонистам, ба муаллимаи синфи духтарчаам Комила - Валентина Анатолевна муроҷиат кардам. Ва дарёфтам, ки муаллимаи меҳрубон Саодат Каримӣ хатмкардаи омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ будаасту солҳои аввал дар мактабҳои шаҳри бостонии Панҷакент ва дар шаҳри Роғун ҳамчун омӯзгор фаъолият доштааст. Аз соли 2001 дар шаҳри Душанбе истиқомат ихтиёр бинмуда, дар гимназияи хусусии «Ҳилол» (ҷонишини директор) ва литсейи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (директор) кор кардаасту инак, соли сеюм аст, ки ҷонишини директори гимназияи хусусии «Тоҷикистон» мебошад. «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзгори тахассуси дараҷаи олӣ, дорандаи чандин ифтихорномаю сипоснома аз мақомоти соҳаи маориф, собиқадори маориф аст. Аз ин нукта низ огаҳӣ дарёфтам, ки муаллима Саодат Каримӣ имсол 35-умин соли фаъолияти омӯзгориашро, ки ба 60-умин солгарди умраш рост омадааст, истиқбол мегирифтааст. Ба ин муносибат муаллимаи азизро табрик мегӯям бо таманниёти нек ва аз номи кулли волидони хонандагони гимназия самимона нидо мекунам:- Мо шуморо дӯст медорем, муаллима! Ҳамеша бо мо ва бо фарзандони мо бимонед!

 

Дилором ЗАБИРОВА,

узви Ассотсиатсияи волидону

омӯзгорони гимназияи хусусии «Тоҷикистон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш