Нашрияи Омӯзгор

Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Яке аз чеҳраҳои дурахшон дар илми муосири тоҷик, доктори илмҳои кимиё, профессор, барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва мукофоти байналмилалии ЭКО, академик Ҳайдар Сафиев мебошад. 

Ӯ соли 1966 мактаби №6-и шаҳри Кӯлобро бо медали тилло хатм карда, ба Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик М.Осимӣ) дохил мешавад. Баъди курси 3-юм ҷиҳати идомаи таҳсил бо дастгирии Вазорати мактабҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти политехникии шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина фиристода мешавад. Соли 1972  институти мазкурро бо тахассуси муҳандиси кимёгар-технолог бо дипломи аъло хатм кард. Ҳамзамон, Институти ҷамъиятии патентшиносии шаҳри Киевро муваффақона ба итмом мерасонад. Солҳои 1973-1976  дар аспирантураи Институти политехникии шаҳри Киев таҳсил карда, соли 1976 рисолаи номзадиро дифоъ  намуд ва ба дараҷаи номзади илмҳои техникӣ мушарраф мешавад. Баъдан ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)  барои фаъолияти илмию педагогӣ роҳхат гирифта, дар вазифаҳои гуногун – муаллим, мудири кафедраи физика ва муовини декан кор кардааст.

Фаъолияти пурсамар, дониш ва дигар фазилатҳои неки Ҳайдар Сафиевро роҳбарони вақти ҷумҳурӣ ба эътибор гирифта, ӯро ба мақомоти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоянд ва то соли 1987 ба ҳайси ҷонишини мудири шуъбаи илму техника, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ кор намуд. Раиси Шӯрои Вазирони вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон  Иззатулло Ҳаёев аз фаъолияти пурсамари Ҳайдар Сафиев ёдовар шуда, чунин изҳор медорад:

- Мо Ҳайдар Сафиевро ҳамчун мутахассиси варзидаи илмҳои дақиқ ва барои дар сатҳи баланд донистани забони русӣ ба мақомоти  Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ба кор пазируфтем. Муддати панҷ сол бо азму иродаи қавӣ фаъолият карда, обрӯю эътибори баландро соҳиб шуд. Меҳнатдӯстиву донишмандиашро ба эътибор гирифта, номзадиашро ба бюрои Комитети марказии ҳизбӣ ба вазифаи мудири шуъбаи илм, техника, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ пешниҳод намудем. Дар суҳбат бо Ҳайдар Сафиев як вазъияти ғайричашмдошт рух дод, ки ман дар тӯли солиёни зиёд дар мақомоти роҳбарии замони шӯравӣ кор карданам, аввалин маротиба бархӯрд кардам. Аввал изҳори миннатдорӣ кард, ки роҳбарон ба меҳнаташ арҷ мегузоранд, сипас, узр пеш оварду аризаашро ба чунин мазмун пешниҳод намуд: Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои идомаи кори илмӣ маро ба Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ ба кор гузаронед. Аз кадрҳои ҳамон замон дар шахси Ҳайдар Сафиев аввалин нафареро вохӯрдам, ки вазифаро дар мақомоти Шӯрои Вазирон рад кард, ба хотири идома додани  фаъолият дар илм ...

Ҳамин ҷаҳду талош буд, ки ин фидоии роҳи илм соли 1987 ба Институти химияи АИ ҶТ баргашта, ба ҳайси мудири озмоишгоҳ фаъолияти пурсамар менамояд ва соли 1997 рисолаи докториашро бо роҳбарии академик Улмас Мирсаидов сарбаландона дифоъ мекунад. Ҳамзамон, ба сифати дотсент дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Дар ин боргоҳи илм соли 1998 сазовори унвони профессор мегардад. 

Соли  2000-ум дар шароити озмоишгоҳӣ барои бомуваффақият татбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмию технологӣ Ҳайдар Сафиев дар Заводи алюминийи Тоҷикистон вазифаҳои ҷонишини сардори шуъбаи техникӣ ва мушовирии директори заводи мазкурро ба уҳда мегирад. Ҳамчун мутахассиси барҷастаи соҳаи кимиё ва технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ яке аз аввалинҳо шуда, дар кишвар ба коркарди маҳсулоти хоми минералӣ ва партовҳои саноатӣ татқиқоти густурдаро ба роҳ монда, дар ин ҷода комёб мегардад. Аз ҷумла, дар шароити озмоишгоҳӣ таҷрибаҳои илмию амалӣ ва истеҳсолӣ гузаронида, воситаҳои ҳосил кардани дурдабонҳои омехтаро пайдо мекунад ва маҳсулоти ҳосилкардааш  дар заводи чинибарории шаҳри Турсунзода, барои  тоза кардани оби дарёи Варзоб ва пасоби комбинати маъдани Такоб аз ташхис гузашта, дар Иттиҳодияи истеҳсолии “Химпром” – СУМ (Украина), заводи алюминийи тоҷик, корхонаи “Падида” ва Идораи обукорези шаҳри Душанбе татбиқ мешаванд.

Бо дарназардошти дастовардҳои зиёд дар тадқиқот соли 2000-ум узви вобастаи АИ ҶТ интихоб шуда, аз январи соли 2001 то феврали ҳамон сол вазифаи саркотиби илмии АИ ҶТ ба зиммааш вогузор мешавад.

Ҳайдар Сафиев моҳи феврали соли 2001 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин мегардад. Аз нахустин рӯзҳои ба фаъолияти сарварии ин донишгоҳи маъруф шурӯъ намудан ҳар як лаҳзаи вақтро ғанимат шумурда, дар заминаи таҷрибаи андӯхтаи хеш ва қобилияти баланди кордониву масъулиятшиносӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонд.

 Академик Муҳаммадюсуф Имомзода мегӯяд, ки ҳамаи сарварони собиқи донишгоҳ вобаста ба шароиту тақозои вақт дар рушди бузургтарин маркази илмию таълимии мамлакат-ДМТ  саҳми бориз доранд. Замоне ки Ҳайдар Сафиев ба ҳайси ректор фаъолияташро оғоз кард,  ба даврае рост омад, ки таълиму тарбия ва дар маҷмӯъ, тадқиқи масоили мубрами илмҳои гуманитарию дақиқ ниёз ба таҷдиди назар дошт. Бо итминони комил метавон гуфт, ки марҳилаи аввали таҳаввулот дар ин самт аз  давраи сарварии ин донишманди фозил оғоз ёфт ва имрӯз муваффақона идома дорад .

Воқеан, таъкиди фавқро устодони донишгоҳ низ эътироф менамоянд, зеро дар сатҳи донишгоҳ, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ баргузор шудани конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмию назариявӣ  ва амалӣ, семинарҳои махсус ҷиҳати пайвасти илм дар истеҳсолот дар донишгоҳ вусъати тоза гирифт.  Ба гунаи мисол, соли 2002 дар ДМТ бо ибтикори Ҳайдар Сафиев конфронси байналмилалии илмӣ – назариявии  “ Технологияи коркарди металлҳои ранга ва рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он олимони маъруфи ватанӣ ва хориҷ аз кишвар ширкат варзиданд.

Ҳайдар Сафиев соли 2005 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва технология ва соли 2009 директори муассисаи давлатии “Институти илмию тадқиқотии металлургияи ранга”-и Корхонаи воҳиди давлатии (Талко) таъйин мегардад ва дар ин самт ҳам бо табъи хурӯшону ҳуши ковишгарӣ меҳнати самарабахш дорад.  Ҳайдар Сафиев барои хидматҳои шоистааш дар рушди илм соли 2014 ба узвияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд.

Устод Ҳайдар Сафиев дар тарбияи шогирдон низ саҳми бориз дорад.  5 нафар рисолаи докториву 16 нафар рисолаи номзадиро дифоъ карданд.

Олими маъруф, академик Улмас Мирсаидов, ки аз устодони Ҳайдар Сафиев ба шумор меравад, чунин  менигорад:

- Инсони нек роҳи комёбиву сарфарозиро дар машаққату заҳмат мебинад, ба ин маънӣ Фирдавсии бузург фармудааст:

Ба ранҷ андар орӣ танатро,

равост,

Ки худ ранҷ бурдан ба дониш

сазост.

Ба ранҷ андар аст, эй

хирадманд,  ганҷ,

Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.

Ва афзуд, ки дар миёни шогирдонам Ҳайдар Сафиев яке аз муҳаққиқони варзидаву шинохта дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳаст, ки бо номаш ифтихор дорам. Дар таҳқиқ аз мушкилот намеҳаросад, талош меварзад то ба охир корашро ба анҷом бирасонад ва гавҳари мақсуд ба даст биорад. Ҳамин нуқтаи ҳакимонаро дарк кардааст, ки “то заҳмат ба харҷ надиҳӣ ба роҳат намерасӣ...”. Умраш дароз бод!

Устоди арҷманд, академик  Ҳайдар Сафиевро ба  70 -умин солгарди умри пурбаракаташ табрик гуфта, барояш саломатии бардавом ва дар фаъолияти босамарашон баҳри шукуфоии кишвари азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

 

Меҳриддин Ғиёсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш