Нашрияи Омӯзгор

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар таълимгоҳҳои ҷумҳуриамон аз зинаи аввали таҳсилот то ба охирин соли таҳсил фанни технология омӯхта мешавад, ки қаблан таълими меҳнат номида мешуд. Ҳадафи асосӣ аз таълими ин фан дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани хонандагон ва ба омӯзиши касбу ҳунарҳо ҷалб намудани онҳо мебошад. Меҳнат омили шарафмандии инсонҳост, он ҳар фардро сарбаланду хушрӯзгор месозад, зиндагии осоиштаашро таъмин менамояд ва ҳамчунин, одамонро обутоби ҷисмонӣ мебахшад. Оне, ки аз меҳнат меҳаросад, кор намекунад, хушбахт буда наметавонад. Коргурезӣ ҳадди ниҳоии танбалист. Аз ин ҷост, ки  ҳакими бузургвор Абулқосим  Фирдавсӣ ҳамагонро панд медиҳад:

Таносоию коҳилӣ дур кун,

Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун,

Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ нест.

Дар дарсҳои технология тарғиби аҳамияту моҳияти меҳнат ва меҳнатдӯстӣ мавқеи ҳамешагӣ бояд дошта бошад. Муҳаббат ба меҳнат парваридан ва меҳнатро чун сарчашмаи саодати зиндагӣ тавсиф бахшидан бояд дар нақшаи дарси ҳамарӯзаи омӯзгори технология  инъикоси доимӣ дарёбад. Дар мавридҳои алоҳида дарс ба хонандагон гуфтану тавзеҳ бахшидани гуфтаҳои бузургон дар бораи меҳнат, нақли ҳикояту ривоятҳо дар ин мавзӯъ амали пураҳамияту самаровар хоҳад буд.

Чунонки гуфтем, ҳадафи дигари асосии таълими технология омӯзиши касбу ҳунарҳост. Ҳунар бо меҳнат ҳамбастагии устувору доимӣ дорад. Ба шарофати меҳнат одам ҳунар меомӯзад ва меҳнат ҳунарро сайқал мебахшад. Ҳунар доштан тавоно будан аст. Ҳунарманд байни мардум соҳибобрӯву соҳибэҳтиром мебошад. Маҳз тавассути ҳунараш кас ҳам ба мардум хизмати шоиста мекунаду ҳам худ ҳаёти осоишта ба сар мебарад. Бузургон фармудаанд, ки ҳунарманд ҳаргиз хор нашавад ва ба нокомӣ гирифтор нагардад. Ҳунару ҳунармандро аҳли қаламу аҳли хирад дар сатҳи  баланд ситоиш кардаанд ва таъкид бинмудаанд, ки дасти гирою сари баланди инсон ҳунари ӯст. Шоири тавоно Низомии Ганҷавӣ  даъват кардааст:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Қитъаи зерини шоири волосухан Бадриддини Ҳилолӣ ҷанбаи хеле муассири тарғибию тарбиявӣ дорад:

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Дар бораи ҳунару ҳунарманд низ дар байни тоҷикон ҳикояту ҳикмату ашъори фаровоне мавҷуд аст, ки истифода аз онҳо яке аз қисматҳои асосии фаъолияти омӯзгори технология дар дарсҳо мебошад. Шоҳбайтҳо дар ситоиши меҳнату меҳнатдӯстӣ ва ҳунару ҳунармандӣ бояд на танҳо дарсгоҳи технология, балки тамоми роҳравҳою долон ва саҳни мактабро оро диҳанд. Бо ташаббуси омӯзгори технология баргузор кардани саёҳатҳо ба коргоҳҳои машҳур, созмон додани вохӯриҳо бо ҳунармандони мумтоз ҳамчун замимаи муҳим ба тадбирҳои дигар дорои аҳамияти махсус мебошад. Ин гуна чорабиниҳо дар тамоми таълимгоҳҳои мамлакат метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳиссаи арзандае гузоранд.

 

Саида Каримова,

омӯзгори технологияи литсейи

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш