Дар ҷаҳон кишварҳо ва миллатҳое мавҷуданд, ки таърих ва фарҳанги гуногун доранд. Ҳамчунин, низоми таҳсил дар ин кишварҳо бо хусусиятҳои вежаи хеш фарқ мекунад. Донистани анъанаҳои давлатҳо барои фаҳмидани хусусиятҳои низоми маориф мадад мерасонад.
***
Австралия кишвари паҳновар буда, аҳолии начандон зиёд дорад (ҳатто нисбат ба Канада камтар аст). Аз ин рӯ, на дар ҳама минтақаҳои ин кишвар мактаб мавҷуд аст. Бинобар ин, кӯдаконе, ки аз муассисаҳои таълимӣ дур зиндагӣ мекунанд, ба воситаи радио мавзӯъҳои дарсиро азхуд мекунанд. Пахшҳои махсус вобаста ба мавзӯъҳои дарсӣ пешниҳоди муҳассилин мегардад.
Дар Ҷумҳурии Ҳин-дустон ба сабаби зиёд будани аҳолӣ мактабҳои хеле калон бунёд карда мешавад. Аз ин рӯ, бузургтарин мактаб дар ҷаҳон дар Ҳиндустон ҷойгир аст ва дар он тақрибан 32 ҳазор хонанда таҳсил мекунад.
Дар Ҷумҳурии халқии Хитой барои хонандагон вазифаи хонагӣ дар ҳаҷми калон пешниҳод мегардад. Бинобар ин, аксари хонандагон дар мактабҳо зиндагӣ мекунанд ва танҳо рӯзи истироҳат ба хона мераванд.
Дар мактабҳои Фаронса соли хониши кӯтоҳтарин, аммо рӯзи таҳсили дарозтарин мавҷуд аст.
Дар Канада хонандагон бо ду забон - англисӣ ва фаронсавӣ таҳсил мекунанд.
Дар Нидерландия кӯда-кон дар чорсолагӣ ба мактаб мераванд.
Дар Италия мактаби хурдтарин дар ҷаҳон мавҷуд аст, ки дар он танҳо як кӯдак таҳсил мекунад ва ин таълимгоҳ дар шаҳри Турин ҷойгир аст.
Дар мактабҳои Чин ба азхуд намудани далелҳои гуногун диққати зиёд дода мешавад. Ҳамзамон, тафаккури таҳлилӣ ва танқидӣ озмуда намешавад - диққати асосӣ ба сана, далелҳо, таърифҳо дода мешавад. Ин омил яке аз сабабҳои муваффақ шудани Чин ҷиҳати ба камол расонидани олимон, муҳандисон ва риёзиёдонҳо мебошад.
Бангладеш дорои мактабҳои қаиқист. 70% - и масоҳати умумии Бангладеш аз сатҳи баҳр як метр паст мебошад. Гузашта аз ин, аз панҷ як ҳиссаи аҳолии кишвар ҳар сол аз обхезӣ азият мекашанд. Мушкилоти хеле бузург бо обхезӣ вуҷуд дорад ва мактабҳои заврақӣ роҳи ҳалли ин мушкилот аст. Созмонҳои ғайритиҷоратӣ мактабҳои шинокунандаи кишварро дастгирӣ мекунанд, ки бо батареяҳои офтобӣ фаъолият мекунанд. Бо ин роҳ, кӯдакон, ҳатто, ҳангоми обхезӣ низ таҳсил карда метавонанд. Дар заврақҳо ҳама чизҳои зарурӣ барои таҳсили хонандагон мавҷуд аст, аз ҷумла, интернет ва китобхонаҳо.
Дар Ҷопон ба ахлоқи хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Таълими ахлоқӣ дар Ҷопон даҳсолаҳост, ки амал мекунад ва тадриҷан дар барномаи таълимии бисёре аз мактабҳо ҷой мегирад ва дар баробари дигар фанҳо, ба монанди математика ё забони ҷопонӣ ба таври фарогир омӯзонида мешавад. Дар дарсҳои тарбияи ахлоқӣ малакаҳои зиндагӣ баррасӣ ва омӯзонида мешаванд.
Таҳия Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр