Дар адабиёти рус нависандаи мумтозу барҷаста Антон Павлович Чехов бо ҳикояву қиссаҳои оламшумули худ ҷойгоҳи бузургеро ишғол намудааст. Вай муаллифи беш аз 500 новелла, қиссаю фелетонҳои олиҷаноб буда, дар тасвиру инъикоси ҳаёти мардуми одӣ, бозтоби азобу машаққатҳои онҳо дар Россияи паҳновар, ки мутлақият тамоми ҳуқуқу озодиҳои меҳнаткашонро поймол карда буд ва бо ҳаҷву зарофати намакин ба зери тозиёнаи танқид кашидани ҳукуматдорону амалдорон, маҳорату ҳунари волои нигорандагӣ нишон додааст. Чехов дар оғоз бо имзои мустаори А.Чехонте ҳикояҳои ҳаҷман хурд-хурди ҳаҷвӣ таълиф намуда, ба маҷаллаҳои «Стрекоза» ва «Будилник» мефиристод. Ин ҳикояҳои хурди ҳаҷвии муаллифи он замон ба аҳли эҷодии давр ношинос зуд-зуд дар саҳифаҳои нашрияҳои ҳаҷвии зикршуда чоп мешуданд. Чехов ба касби пизишкӣ машғул буда, дар сар ҳеҷ гоҳ ҳавои нависанда шудан ҳам надошт. Ҳикояҳои хурди танзомези худро дар вақтҳои холигияш иншо мекард. Бо гузашти се сол маълум гардид, ки вай тақрибан 300 новелла навиштааст. Аз ин рӯ, Чехов азми сафари шаҳрҳои Москваю Петербург намуд ва ҳангоми дар ин шаҳрҳо қарор доштанаш фаҳмид, ки ҳикояҳои ӯро мардум бо шавқу рағбати беандоза мутолиа карда, муаллифро аз наздик надидаанд. Маҳз дар ин шаҳрҳо Чехов бо адибони шинохтаи замон шинос шуд, ки ба навиштаҳои ӯ баҳои баланд дода буданд. Чехов бо зиндагии пурмашаққати мардум аз наздик шинос шуда, дарду азобҳои онҳоро ба таври воқеӣ дар асарҳояш таҷассум месохт. Чехов ҳунари кӯтоҳу муъҷаз тасвир намудани ҳодисаҳои зиндагиро дошт ва бо ин истеъдоди нодири худ ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд. Нависандаи нобиғаи рус Лев Толстой ба эҷодиёти Чехов баҳои баланд дода, зуҳури ӯро дар адабиёти рус атои бузурги сарнавишт ҳисобидааст.
Гулнора ТАБАРОВА,
омӯзгори мактаби №48-и
ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр